Абдурофеъ Рабизодаро шиносем

Абдурофеъ Рабизода - адиб, рӯзноманигор, сенариёнависи шинохта. Хеле аз филмҳое, ки аз рӯйи асарҳои бардошта шудаанд, маъруфият пайдо кардаанд. Қиссаҳои шӯрангези таърихӣ дорад. Ҳар қисса ривоятро бо таърих омезиш медиҳад ва ин сабки навишт асарҳояшро пуртаъсир кардааст. Хеле адиби пажуҳишгар аст, ҷустуҷӯҳои зиёде дорад, ки ба сари худ таҳқиқи таъриханд. Духтаре дошт, ки нобиға буд ва дар синни ҷавонӣ тарки олам кард ва адиби мумтозро солҳо дар сӯг нишонд.

Иттифоқи нависандагон адибро ин гуна муаррифӣ карда:

АБДУРОФЕЪ РАБИЗОДА (Шераки Ориён) 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995, шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, соли 1986 Мактаби олии синамогарони Маскавро хатм кардааст. Муддате дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикфилм» адои вазифа кардаааст. Муассис ва сарвари маҳфили адабии «Зарафшон» будааст, ки яке аз доираҳои нерӯманди кишвар эътироф гардидааст.

Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғ. эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ), 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намойиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Филмномаҳои ӯ «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чилмеҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» ва ғ. ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон ихтисос ёфтаанд.

Ҳамчунин, таҳиягар (режиссёр)-и як миқдор филмҳо, монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ғ. мебошад.

Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупойӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва як қатор мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд.

Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.Боз чоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2003. С. – 419- 420.

Муаллиф: Гулназар

Аз ин адиби маъруф дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:

Одинабоқӣ.  –  Панҷакент, 1995. – 94 с.

Маргу зиндагӣ. – Панҷакент, 1996.  – 111 с.

Ашки духтар. – Душанбе: Адиб, 1996. – 160 с.

Афсонаи моҳтобӣ. – Панҷакент, 1996. – 72 с.

 Китоби Андешаҳо. – Душанбе, 1999. – 80 с.

 Аз хокдон то кайҳон. – Хуҷанд: Ношир, 2003. – 271 с.

Панҷ  қиссаи Панҷакент. – Душанбе: Деваштич, 2003. – 152 с.

Қиссаҳои падару духтар. –  Душанбе: Деваштич, 2003. – 74 с.

Куҳандиёро, диёри ёро. – Душанбе: Эҷод, 2008. – 148 с.

Гунда. – Душанбе: Ирфон. – 2014. – 208 с.

Ишқи аз нав руста. – Душанбе: Адиб, 2006. – 256 с.

Чил хўшаи гандум. – Душанбе: Ашўриён, 2014. – 192 с.

Марги роҳбалад. – Душанбе: Ашўриён, 2015. – 264 с.

Ҳандалак ё тамъи духтарак.  – Душанбе: Ашўриён, 2016. – 304 с.

Корвонкаш: Бахшида ба 50-солагии адиби тоҷик Сорбон // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 2 феврал.

Шохчае, ки ба қаламча бадал биёфт; Дўкон:  Ду ҳикоя // Садои Шарқ. – 2015. – №1. – С. 27- 42.

Тирамоҳи табиат ва тирамоҳи умр: Оид ба тирамоҳи заррин // Чархи гардун. – 2015. – 4 ноябр.

Одамгарӣ; Рашки зан; Кўҳиён ба марги худ омодагӣ мегиранд: Резаҳикояҳо / Ш. Ориён // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 1 октябр.

Дунёе, ки афсона надошта бошад, чӣ дунёест? // Фараж. – 2017. – 8 март.

Ҷавони беҳтарин пораи умр аст:  Мусоҳибаи рўзноманигор Х. Ховарӣ бо нависанда,  муаллифи 68 китоб Шераки Ориён оид ба овони ҷавонӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 9 феврал.

Марги роҳбалад…:  «Оид ба китоби нави Шераки Ориён // Чархи гардун. – 2015. – 16 сентябр.

Таҳияи Хуршеда Ҷўраева. 
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ