Саду як иншо

Дастури таълимӣ барои хонандагони мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ  ва довталабони донишкадаву донишгоҳҳо, ки соли 2012 чоп шудааст. Ин китоб ҳоло ҳам метавонад қобили истифода бошад, чун беҳтарин роҳу равиши навиштани иншоро дар миён гузоштааст. Дар пешгуфтор муаллифи китоб Қ.Тӯраҳасанов аз ҷумла менависад: Иншо яке аз навъҳои  кори  хатии  хонандагон  буда, дар  мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ  таълим  дода  мешавад. Имтиҳони  иншо дар донишкадаву  донишгоҳҳо  барои  рушду  такомул  ёфтани  забони  миллии  тоҷикӣ  ёрӣ  мерасад.

Вазорати  маориф  ҳамин  нуқтаро  ба эътибор  гирифта, дар  тамоми  макотиби олӣ  имтиҳони  иншоро  ба роҳ мондааст. Масъалаи дигар, ин сатҳи дониши  адабиву  гуфтугўии  хонандагон  аст. Хонанда  дар  навиштани  иншо  бояд  озод  ва эҷодкор бошад, ки ин ба захираи  луғавии  ў  сахт вобастагӣ  дорад. Иншо як навъ эҷодкориро  талаб  менамояд.

Таҷрибаҳо нишон медиҳад. ки  хонандагони  мо  барои  навиштани  иншо  душвориҳо  мекашанд. Дар  ин  маврид  онҳо  бояд  қонуну  қоидаҳои  тарзи  дурусти  навишти  калимаҳо, ибораҳо  ва  ҳолатҳои  омадани  аломатҳои  китобатро  донанд. Хонандагон   ва  довталабон  бояд  пеш  аз ҳама  аз қонуну  қоидаи  имло  бархўрдор  бошанд, ки донистани  имло  дар  навиштани иншо хеле  муҳим аст.             

 Сипас, ҳар  як  амал аз рўйи  нақша  анҷом  дода  мешавад. Бинобар  ин ҳар як  мавзўъ бояд  аз  рўйи  нақшаи  пешакӣ  таҳлилу  баррасӣ  карда  шавад. Иншо  бояд дорои  муқаддима бошад, зеро  муаллифи  иншо  ҳангоми  таҳлилу  барасии  мавзўи  асосӣ  матлаби  мухтасареро  доир  ба  муаллифи  ҳамон  мавзўъ  ва  кору  фаъолияти  ў  баён  намоянд. Яъне, муқаддима  он чизе  аст, ки  заминаро  барои  баёни  мавзўи  асосӣ  таҳияву  омода  месозад. Пас  аз  он  ки хонанда  ва  ё  довталаб  аз  навиштани  муқаддима  фориғ  шуд, бояд  моҳирона  ба  баёни  мавзўи  асосӣ  бипардозад  ва ба таври комил  дар  атрофи  он андешарони  намояд.

Охирин  қисмати  ҳар  як  иншоро  натиҷагирӣ  ташкил  медиҳад, ки  ҳар як  иншонавис  баъди баёни  матлаб  бояд  натиҷагирӣ  намояд. Умуман, ҳар  як иншо  бояд  оғоз ва  анҷоми  ҷолиб  дошта  бошад. Чунин  тартибу  низоми  иншонигорӣ  дар рисолаи  мазкур  комилан  риоя  шудааст. Рисолаи «Саду як иншо» иборат аз пешгуфтор ва мундариҷа буда аз ҷониби устодони кафедраи забони тоҷикӣ-и ДМТ пешкаш гардидааст.

Хонандагони мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ ва довталабони донишкадаву донишгоҳҳо метавонанд ин рисоларо аз махзанҳои Китобхонаии миллии Тоҷикистон дастрас намоянд. 

Китобро шумо метавонед дар ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пайдо ва аз он баҳра баред.

 Таҳияи  Мижгона Муродова,

сармутахассиси Маркази

такмили ихтисос

 
Барчаспҳо: