Кароматулло Олимов. Ахтари дурахшони илм. Пешгуфтори китобе, ки тоза чоп шудааст
Зиндагии шахсиятҳои бузурги миллат ва давлатро донистан на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои онҳо, балки мактаби ибрат барои имрузиёну фардоиён мебошад. Миллати мо, хушбахтона, чи дар гузаштаҳои дур ва чи дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ фарзандони машҳур ва олимону адибони бузургро ба ҷаҳони тамаддун тақдим кардааст, ки ҳанўз номҳои бисёри онҳоро, ба истилоҳ, ба рўи об набаровардаем. Асарҳои аз сўхторҳову селҳо ва тороҷҳо ҳанўз боқӣ монда, ки дар китобхонаҳои кишварамон ва давлатҳои дуру наздик ҳифз мешаванд, шояд аз сад даҳи онҳо маълуму таҳқиқ шуда бошанд.
Вале ин кори муҳим, ки соҳибӣ кардани мерос ба ҳисоб меравад, ҳамеша дар назари аҳли илму адаб қарор дорад. Бузургони миллати мо шахсони миллатдўст ва инсондўст, соҳиби фазилатҳои хеле нек буданд ва барои аҳли башар хидмати беминнат кардаанд. Руҷўъ ба мерос ва фаъолияти илмии олимони барҷастаи замони мо аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Аввалан, барои муайян кардани саҳми онҳо дар пешрафти илми тоҷик ва ҷаҳонӣ, дуюм барои ҳифзи анъанаҳои беҳтарини мактабҳои илмии ташаккулёфтаи академӣ дар кишварамон ва ниҳоят, барои таблиғ ва ташвиқи ғояҳои илмӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солим дар ҷомеаи кунунӣ, ки мушкили зиёди муборизаи идеологиро имрўз аз сар мегузаронад.
Дар баробари таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои бузургони гузашта, рў овардан ба осору афкори олимоне, ки дар давраи шўравӣ зиндагӣ ва эҷод карда, ба мақоми баланди сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ расидаанд, имрўз мактаби бузурги омўзиш аст. Фаъолияти як силсила донишмандони соҳибмактаби мо, ба мисли устод Айнӣ, академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Алоуддин Баҳоуддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Солеҳ Раҷабов, Ибодулло Нарзиқулов, Муҳаммадқул Нарзиқулов, Рауф Баротов, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Акобир Адҳамов, Добровольский, Раҷаб Амонов, Баҳодур Искандаров, Аҳрор Мухторов, Нуъмон Неъматов, Ҳабибулло Саидмуродов, Абдуҳамид Ҷўраев, Эшонқул Нўъмонов, профессорон Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Расул Ҳодизода ва дигарон, ки имрўз дар қайди ҳаёт нестанд, вале барои пешрафти илми тоҷик дар соҳаҳои мухталиф, чи ба воситаи асарҳояшон ва чи ба воситаи иштирокашон дар корҳои роҳбарӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ хидматҳои арзанда кардаанд, бояд ба таври ҷиддӣ арзёбӣ гардад. Як тан аз ҷумлаи ин фарзонагон устод Муҳаммад Осимӣ мебошанд.
Дар бораи фарзанди диловар, дилсўз ва ҷоннисори миллати тоҷик Муҳаммад Осимӣ мақолаҳои зиёд, хотираҳо ва китобҳо навишта шуда, аз рўзгору осор ва фаъолияти илмию ташкилотчигии устод ҳикоят кардааст. Махсусан ду китобро бояд зикр кард: яке асари муаррихи шинохта ва пурмаҳсули тоҷик профессор Усмонҷон Ғаффоров “Нобиғаи айём” ва дуввум китоби олими соҳаи биология, нависандаи хушсалиқа Муҳаммад Субҳон “Ҷонфидои машриқзамин”, ки ҳар ду асар ба муносибати 80 солагии устод Осимӣ соли 2000-ум ба нашр расидааст. Дар китоби Усмонҷон Ғаффоров дар бораи хонадони устод, мулоқоташон бо устод Айнӣ ҳангоми таҳсил дар Самарқанд, муборизаи М. Осимӣ барои таҷлили ҷашни Ибни Сино, корҳои дар вақти президентии Академияи илмҳо иҷрокарда ва саҳми олим дар густариши робитаҳои илмӣ бо олимони Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, фаъолияти густурдаи илмӣ дар ЮНЕСКО ва ғайра дар асоси фактҳои муътамад ва ёддоштҳою мусобиқаҳо маълумоти муфассал дода шудааст.
Дар асари Муҳаммад Субҳон, ки хусусияти ҳуҷҷатию бадеӣ ва публисистӣ дорад, дар бораи кору пайкори устод М. Осимӣ, ташаккули шахсияти эшон ҳамчун олим ва сиёсатмадору роҳбари бузурги илм ва инсони комил сухан рафтааст. Саидҷафар Қодирӣ низ рисолае дар бораи устод таълиф кардааст, ки дар он бештар роҷеъ ба таваҷҷуҳи Осимӣ ба истилоҳоти илмӣ сухан меравад. Мусаввиди ин сатрҳо низ солҳо устодро аз наздик шинохта, мусоҳиб шуда, гоҳо дар хонаашон меҳмон шуда, аз фазилатҳои эшон ва ҳамсарашон ва меҳмоннавозиашон баҳравар шудаам, М. Осимиро ҳамҷун шахсияти бузург ва нотакрори миллати тоҷик, ки симои зоҳирӣ ва олами ботиниашон зебо ва диққатҷалбкунанда буд, шинохтаам. Дар бораашон чанд мақола ҳам ба табъ расонида будам. Дар китобҳои номбаршуда бисёр маълумот, лаҳзаҳои муҳими зиндагӣ ва фаъолияти пурвусъати устод инъикос ёфтааст. Вале устод пеш аз ҳама олими соҳаи фалсафа, як донишманди соҳаи методологияи илм, муаррихи фалсафа ва фарҳангшиноси байналмилалӣ буданд. Аз ин ҷиҳат, хостам ба воситаи таҳлили асарҳои асоситарини устод М. Осимӣ мухтасар дар бораи шахсияти илмӣ ва аҳамияти осорашон ҷусторе намоям.
Ба ҳама маълум аст, ки раванди ҷаҳонисозии муосир, бо вуҷуди ҷиҳатҳои зиёди мусбат, меваҳои талху заҳрогинро низ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бор овардааст, ки аз хатари он ҷаҳониён ба ташвиш омадаанд. Раванди муосири ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳангҳои миллӣ хатари ҷиддӣ дорад ва арзиши муҳимми онро ин раванд ба фаромўшӣ мебарад. Маҳз бо дарназардошти ин таҳдидҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу эҳёи анъанаҳои боарзиши миллӣ, аз ҷумла ба мероси гузаштагони илму маърифат ва фарҳанги мо пайваста аҳамият медиҳанд ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Зиндагии бошарофати фарзандони бузурги миллат, ки барои ҳифзи миллат ҷони худро ҳамеша сипар мекунанд, мактаби ифтихор ва ишқу садоқат ба миллат мебошад. Аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои тобноки сарсупурда, шаҳиди роҳи нангу номуси миллат, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин раиси кумитаи “Пайванд”, президенти Ассотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омўхтани тамаддуни Осиёи Марказӣ дар Юнеско, донишманди эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ буданд.
*** *** ***
Китоби Кароматулло Олимов “Ахтари дурахшони илм” ба муносибати садсолагии Академик Муҳаммад Осимӣ ба тозагӣ нашр шудааст. Хонандагони азиз метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари Маркази такмили ихтисос.