Ахиран нависанда ва журналисти маъруфи кишвар Бахтиёр Муртазо бо чопи ду китоби наваш хотири мухлисону ҳаводорони осорашро шод кард. Китобҳои “Хӯшаҳо ва киштаҳо” ва “Нақби Истиқлол” дар беҳтарин сифат ба зевари чоп ороста ва ба хонандагон пешкаш шуданд. Маҷмўаи мунтахаби очеркҳо ва қиссаи мустанади нависандаи маъруф Бахтиёр Муртазо “Хӯшаҳо ва киштаҳо” дар ситоиши корнамоӣ ва садоқату матонати нурофарини Роғун, барзгарони покизасиришти ризқофарин, кошифони заминҳои нав самимона ҳикоят менамоянд. Хонанда бо силсилаи симоҳои фарҳехта, сарсупурда, дорои одамияти баланд шиносо мешавад.
Романи мустанади ӯ “Нақби Истиқлол” бошад ба нақбсозони ағбаи Анзоб, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат нақби Истиқлол ном гирифта буд, бахшида шудааст. Нависанда кўшидааст солномаи бадеии роҳкушоёнро ба қалам диҳад.
Нависандаи шинохтаи тоҷик, барандаи ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ Бахтиёр қосимзода Муртазо 23 майи соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи қубодиён таваллуд шудааст.
Пас аз хатми шуъбаи филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳо бо рўзноманигорӣ шуғл варзида, дар вазифаҳои сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шўъба ва узви ҳайати таҳрири ҳафтаномаи «Адабиёти ва санъат», муҳаррири бахши публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Садои Мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» хизмат кардааст. Зимнан як муддат ин нашрия ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ дар шакли рўзномаҳои алоҳида чоп мешуданд, ки роҳбарии ин замима низ ба ўҳдаи Бахтиёр Муртазо вогузор гардида будаанд.
Ҳоло Бахтиёр Муртазо раиси Шўрои публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Ў ҳамчунин хабарнигори махсуси нашрияи маркази ҲҲДТ «Минбари халқ» дар сохтмони Нерўгоҳи Роғун аст.
Муаллифи романи мустнад, маҷмўаҳои очеркҳо, ҳикояҳо ва қиссаҳои «Боғбони гули кўҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Боғбони гули кўҳӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷўи Навдиз», “Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрўхтаам», «Нақби Истиқлол», «Нўҳ чинори Балҷувону Баҳманрўд», «Ҷавпазак» ва ғайра мебошад.
Бахтиёр Муртазо ҳамчунин повести «Роҳи Каҳкашон»-и Ч. Айматов, романи «Сурх ва сиёҳ» -и Стендал, китоби «Садбарги зарин»-и К Паустовский ва асарҳои дигар адибонро тарҷума кардааст.
Бахтиёр Муртазо ду маротиба дар ҷумҳурии Афғонистон маъмурият дошта, солҳои 1969 - 1973 дар сохтмони шоҳроҳҳои ин кишвар ба ҳайси тарҷумон ва солҳои 1979- 1982 дар ҷанги Афғонистон ба сифати афсар хизмат намудааст.
Барандаи ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Итифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ мебошад.
Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.
Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурии буда, бо нишони Ситораи сурх ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст. Инчунин ба Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии СССР ва Нишони Сухани ИНТ мушарраф гаштааст.
Бахтиёр Муртазо дар Намоиши Ҳафтуми байналмилалии китоби Душанбе соли (2018) барои тарҷумаи асари «Садбарги зарин»-и К.Паустовский дар Озмуни «Беҳтарин тарҷумаи сол» ғолиб омада, ба Дипломи дараҷаи аввал мушарраф гардидааст.
Меҳрангез Муҳаббатова,
мутахасиси пешбари Маркази такмили ихтисос