Китоби нав: “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён”

Дар рисола нахустин бор ташаккул ва пешрафти ҳунар ва илми мусиқӣ ,ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии фарҳанги мусиқии хонадону давлати муқтадиру мутамаркази Сомониён (819 – 1005),дар заминаи санадҳои мўътамади хаттӣ  мавриди таҳқиқи сарчашмашинохтию татбиқӣ  баррасӣ  шудааст. Дар иртибот ба ин мавзўъ саҳми чеҳраҳои номвари мусиқии илмию амалии ин давраи заррини таърих,тамаддуни тоҷикон мардумони Осиёи Марказӣ  чун Абуҳафси Суғдӣ, Оловайҳи Суғдӣ, Абунасри Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Абуаббоси Бахтиёр, Марвони Сарахсӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Рўдакӣ, Ибни Сино, Аунасри Хонанда, Мударники Ноӣ, Ҳобон Чобаки Ноӣ, Алибек Танбурӣ, Ротибаи  Барбатӣ  ва дигарон дар муқоиса ба навиштаҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ  бо такя ба гузориши сарчашмпҳои таърихию адабӣ, мусиқӣ  ба риштаи таҳқиқ омадааст.

Нигориши рисола кўшишу назари нави пажўҳишӣ  дар шинохти арзишҳои мондагори андешавию эҷодию иҷроии мусиқии замони хонадони фарҳанговари Сомониён аст.

Муаллиф Аскаралӣ Раҷабов. Ба ин рисола доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов, номзади илмҳои таърих, мусиқидон марҳум Абубакр Зубайдов тақриз навиштаанд.

Китоб дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст.

Китоби мазкурр метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Мавзуна Назарова, сармутахассиси Шуъбаи такмили ихтисос