Китобҳои тозавуруд: Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
Нашр шуд 2019-11-21 13:14
Илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз зумраи илмҳои ҷамъиятшиносие мебошанд, ки бо вуҷуди доштани унсурҳои умумӣ, усулҳои ҳамсон ва воситаҳои таъсиррасонии ҳамгун вобаста ба гуногунии табиати инсон дар алоқаманди бо мухталифии зуҳури манфиатҳо, дар такя ба озодиҳо ва имкониятҳои ба воқеият, ба адолат ва инсоф асос ёфта, дар шакл ва навъҳои гуногун, зуҳур менамояд. Асос ва ҷавҳари ин гуногунӣ, агар аз як ҷониб ба мухталифии роҳу равиши хиради инсонӣ ба сўи ҳастии воқеии ҳуқуқ иртибот дошта бошад, аз ҷониби дигар худи ҳамин мухталифии воқеияти ҳуқуқӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо шарту шароит ва сатҳи тафаккури инсонӣ дар доираи имконият ва озодиҳо баромад менамоянд, ба ин гуногунӣ неруи маънавӣ ва моддӣ медиҳанд.
Дар ин зовия ҳуқуқ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, ҳамчун навъи меъёри ичтимоӣ ва ниҳоят ҳамчун усули ташкили зиндагии арзанда ва шоистаи инсонҳо дар паҳноҳҳои муайяни маънавӣ ва моддӣ вобаста ба табиати халқу миллатҳо ва фарҳангҳои мухталиф таҳия мегардад. Барои фаҳм ва дарки воцеии табиати гуногунии ҳуқуқ, ки ба гуногунии фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳоказо такя мекунад, омўзиши он аз дидгоҳи муқоисавӣ чӣ дар шакли назарияи абстрактӣ ва чӣ дар шакли амалияи ҳуқуқӣ барои ҳуқуқшиноси муосир аҳамияти муҳимми назариявӣ ва амалиро доро мебошад.
Гурӯҳе аз пажӯҳшгарони илми ҳуқуқ китоберо бо номи “Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ” интишор додаанд. Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (васоити таълимӣ) дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни «Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ» бо назардошти талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ навишта шуда, дар маҷлиси кафедра баррасӣ ва тасдиқ гардидааст. Аз ҷониби Шўрои методии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои истифода дар раванди таълим ба чоп тавсия шудааст.
Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ( васоити таълимӣ) барои устодони фанни ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, муҳаққиқони низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ, донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ ва ҳаводорони илмҳои ҳуқуқшиносӣ пешбини шудааст.
Ин китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва онро дар кулли толорҳои хониш метавонед фармоиш диҳед ва бихонед.
Фирӯза Маҳмадҷонова