Дронов Виктор Иванович 29 феврали соли 1932 дар вилояти Воронеж ба дунё омад. Муҳаққиқи геологияи Помир ва Афғонистон, проф., д. и. геология ва маъданшиносӣ (1994). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ўзбекистон (1955). Ходими калони Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1956), сардори гурўҳи геологию харитасозии Бадахшони Кўҳӣ (1956).
Дронов харитаи геологии ҷанубу ғарби Помир (1958), харитаи геологии ҷанубу Помир ва Помири Марказӣ (1961), харитаи геологии Помир (1969), Шакл (схема)-и тектоники Помир 1:000000-ро бо эзоҳҳояш тартиб додааст.
Чунин ном дорад китоби ашъори Мирзоҷамол, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт. Дар муаррифии он мехонем: “Китоби "Дар ҳарими моҳтоб"-и шоир Мирзоҷамол мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифта, аз ғазалу қитъа, манзумаву рубоиву дубайтӣ иборат аст. Сароҳати сухану табъи равони шоир китобро хонданӣ кардааст. Он туҳфаи хубест барои аҳли завқ ва хонандагону мухлисони шеъри рӯз”
Китоби мазкур бо ду ҳуруф: крилӣ ва форсӣ чоп шуда ва ин чанд абёт барои хонандагони сомона интихоб шуд:
Дар ин маҷмўа намунаи ашъори шоирони ҷавон, ки дар озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - «Килки сабз» ширкат варзиданд, гирд оварда шудааст. Ҳадафи озмуни мазкур дарёфт ва муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон аст. Китоби мазкур фарогири ашъори зиёда аз 50 шоири ҷавон мебошад. Маҷмўа ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар сарсухани китоб аз ҷумла менависад: Маро ҳар номи наве дар адабиёт шод мекунад, махсусан боз дар замоне, ки адабиёт аз бисёр пуштвонаҳои моддиву маънавии пешинааш бебаҳра шудааст ва ҳоло ҳар касе
Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1934- 1994) аз худ осори гаронбаҳое, боқӣ гузоштааст, ки қиссаи «Рухсора» яке аз онҳост. “Рухсора” ҳатто замоне, ки нависанда дар қайди ҳаёт буд, зиёд чоп шуд ва миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Ва ахиран нашриёти “Олами китоб” онро интишор додаву як тақризи басо пурмуҳтавои академик Муҳаммадҷон Шакуриро низ овардааст. Устод Шакурии зиндаёд аз ҷумла навишта:
Ҳоло адабиёти мо масъалаи одамиятро, масъалаи инро,