“Килки сабз”. Намунаи ашъори шоирони ҷавони Тоҷикистон
Нашр шуд 2019-11-27 14:58
Дар ин маҷмўа намунаи ашъори шоирони ҷавон, ки дар озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - «Килки сабз» ширкат варзиданд, гирд оварда шудааст. Ҳадафи озмуни мазкур дарёфт ва муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон аст. Китоби мазкур фарогири ашъори зиёда аз 50 шоири ҷавон мебошад. Маҷмўа ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар сарсухани китоб аз ҷумла менависад: Маро ҳар номи наве дар адабиёт шод мекунад, махсусан боз дар замоне, ки адабиёт аз бисёр пуштвонаҳои моддиву маънавии пешинааш бебаҳра шудааст ва ҳоло ҳар касе ки тоза қалам ба даст мегирад, далели он аст, ки албатта, ба истиснои баъзе ҳолатҳо, танҳо ба хотири адабиёт ба ин кор мепардозад. Агар адабиёт дар оянда пешаи асосии танҳо баъзеи онҳо шавад ҳам хуб аст, зеро дигарон бо ишқи адабиёт хоҳанд зисту онро гиромӣ хоҳанд дошт, ки барои рушди он бисёр муҳим мебошад.
Бинобар ин озмуни шеър, ки ҳафтавори «Тоҷикистон» таҳти унвони «Килки сабз» эълон карда буд ва дар он зиёда аз панҷоҳ нафар иштирок карданд, мояи масаррату ҷонибдорист, зеро ба ҳамаи хоҳишмандон, ки синнашон то 35 буд, имкон дода шуд, ки се шеъри беҳтарини худро барои чопу доварӣ бифиристанд. Барои шинохти шоир се шеър кам нест, агар ў дуруст интихобу пешниҳод карда бошад. Ҳафтавор, ки боз бар замми ин ашъори беҳтарини озмунро дар шакли маҷмўа ба нашр мерасонад, бар савоби кори худ меафзояд.
Ҳоло ин маҷмўаи ашъорро аз назар мегузаронем ва мебинем, ки дар байни сини муаллифон каму беш то даҳ-понздаҳ сол фарқ мавҷуд аст ва ин хуб ҳам ҳаст, зеро вежагиҳои шеърро дар навиштаҳои наслҳои гуногун аён месозад. Як силсилаи онҳо, чун Фирдавси Аъзам, Бузургмеҳри Баҳодур, Бобаки Суғдӣ, Эҳсон Раҷабӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Толиби Луқмон, Саид Ризо, Шаҳриёр Олимӣ, Кўҳзоди Фатҳулло, Баҳроми Раҳматзод, Муҳриддин Сабурӣ, ки дар шоирӣ ба андозае таҷриба андўхтаву ашъорашон дар матбуот ва маҷмўаҳо ба табъ расидааст, кайҳо боз ба хонандагон шинос мебошанд. Аз ҷумла ашъори Фирдавси Аъзам на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамзабонамон – Эрону Афғонистон ҳам шинохтаву пазируфта шудааст, ки бар асари камолоти эҷодиаш ба вуқўъ омадааст. Аммо дар озмун ва ҳам дар ин маҷмўаву баррасии ашъори он на мавқеъ ва мақоми пешинаи шоирон, балки арзиши ашъори пешниҳодшудаи онҳо ба эътибор гирифта шудааст...
Китоби “Килки сабз”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ низ пайдо ва мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова