Китоби нави Рамазон Раҳимзода: “Фазилати Пешво”

 Дастури таълимии «Фазилати Пешво» китобест дар боби фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун мактаби сиёсати давлатдорӣ  барои насли оянда ва намунаи ибрат ба ҳар як фард барои расидан ба мақсадҳои олӣ, дарки худшиносӣ ва инсони комил мебошад. Дар ин китоб хислатҳои беҳтарини Пешвои миллат ва иқдомҳои муҳимми он инъикос ёфтааст.   

 Муаллиф дар муқаддима аз ҷумла навиштааст: Дар саргаҳи таърихи ҳар як миллату халқият ва давлат шахсиятҳое меистанд, ки бо  фитрату хислат, хулқу атвор, афкору андеша ва рафтору гуфтор ба дигарон намунаи ибрат гардида, бо кору пайкори хеш  дар миёни мардум ва ҷомеаи ҷаҳон  низ соҳиби нуфузу  обрў ва эътибору эътимод мегарданд.

  Баъди ҳазор сол сарнавишт барои миллати ранҷкашидаи тоҷик, ки аз ҷабри  таърих ва тохтутози душманони аҷнабӣ ҳама дороиҳои худро аз даст дода, таҳти тасаллути дигарон умр ба сар мебурд, фарзанди фарзона ва дўстдору ғамхор ато фармуд, ки имрўз бо эҳёи фарҳангу таърих, тамаддуни оламшумул ва рисолати созандагиву бунёдкорӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно намуд.

  Пешвои миллат фарҳангро ҳамчун василаи тарбияи рўҳу равон, муоширату муносибати  боадабона, истеъдоди суханронӣ ва камолоти шахс ҳисобида, ба он таваҷҷуҳи зиёд менамоянд. Зеро фарҳанги пурғановату баланд доштани мардум нишонаи возеҳи тамаддуни бой ва таърихи кўҳан доштани давлату миллат аст.

  Шахсияте чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин мавқеъ ва манзалати хосро соҳиб гардида, бо сиёсати оқилонаву хирадманона, иқдому ташаббусҳои со занда, истеъдоди суханвариву давлатдорӣ ва афкору  андешаи сулҳофариву  хайрхоҳӣ дар ҷамъияти шахсиятҳои  шинохтаи олам, роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун  низ маҳбубият ва эҳтироми сазовор пайдо кардаанд.

  Дар ин китоб чанде аз хислатҳои беҳтарини Пешвои миллат ҳамчун дастагуле аз бўстони хираду заковати олӣ, одобу ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори омўзанда ва лутфу меҳрубонӣ армуғон оварда шудаанд, ки барои ҳар фарди миллатдўсту ватанпарвар, дўстдори ин сарзамин ва хусусан, ҷавонони бонангу номус мояи ифтихор ва роҳнамо барои расидан ба куллаи мақсудмебошанд.

 Ман, муаллиф шоҳиди бевоситаи ҳамаи ҳодисаву воқеаҳо, мушкилҳои пасисаршуда ва иқдому ибтикороти тақдирсози ин шахсияти бузург мебошам ва аз рўзҳои аввали ба қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз он, дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи гуногун - ҷаласаю машваратҳо, конфронсу, семинарҳо ва вохўрию сафарҳои кори ў шахсан иштирок намудам.

 Чунки дар гузашта, аз рўзҳои авали фаъолияти кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Кўлоб (имрўз Хатлон) то арсаи ба сиёсати давлат ворид шуданду  ҳамчун сиёсатмадори дунявӣ шинохта шудани Пешвои миллат ва имрўз ҳамчун узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои вазнину душвор ва сарнавиштсоз ҳамроҳу ҳамсафар, ҳамнишин ва дар паҳлуи ин шахси муътабар, соҳибхираду бомаърифат, фарҳангдўсту маорифпарвар, ободкору созанда, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, азизу мукаррам барои хонандагони тоҷику тоҷикистонӣ будам.

  Идомаи сарсухан ва китобро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фирӯза Маҳмадҷонова