Дар остонаи Соли нави милодӣ як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ барои ширкати фаъолонаашон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” соҳиби Ифтихорномаҳо шуданд. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳудудан 100 нафар кормандонро шоистаи ифтихорномаҳо донист. Инҳо касоне буданд, ки рӯзҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи судҳи доноӣ...” хеле фаъол буданд. Ба
Бо фаро расидани мавсими имтҳонҳонот кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ аз хонанда пур шуданд. Ҳар сол ҳол ин аст, баъзан бо вуҷуди мавҷудияти толорҳои зиёд хонандагон ҷой намеёбанд. Шароити фароҳамовардашуда, хизматрасонии хуб хонандагонро бештар аз пештар ба Китобхона меорад. Соли ҷорӣ 31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар
Соли ҷорӣ толори хониши матбуоти даврӣ аз толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ буд. Ҳудудан 13 ҳазор нафар хонандагон бо ҳузури худ 44 ҳазору 391 бастаи маҷаллаву рӯзномаҳоро дархост ва мутолиа кардаанд. Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Китобхона иттилоъ дод.
Ёди бигзашта ба дил монду дарег,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба рах монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.
Худ надонам чи хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш чойе агар буд маро,
Дирўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзуъи «Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо ва ороиши Арчаи солинавӣ» баргузор шуд, ки дар он хонандагони наврас ширкат ва дар атрофи мавзуъ баҳс карданд.
Мураббӣ ба бачаҳо рӯ овард ва гуфт, ки зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно