Бо фаро расидани мавсими имтҳонҳонот кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ аз хонанда пур шуданд. Ҳар сол ҳол ин аст, баъзан бо вуҷуди мавҷудияти толорҳои зиёд хонандагон ҷой намеёбанд. Шароити фароҳамовардашуда, хизматрасонии хуб хонандагонро бештар аз пештар ба Китобхона меорад. Соли ҷорӣ 31 ҳазору 325 нафар ба узвияти Китобхонаи пазируфта шудаанд, ки назар ба соли гузашта бештар аз 10 ҳазор нафар зиёд аст. Шумори умумии хонандагони Китобхонаи миллӣ ба 198 ҳазору 544 нафар расидааст
Рӯзи якшанбе ҳамкорамон Хусрави Милод якояк ин толорҳои гашт ва суратгузорише омода кард, ки инак пешкашатон мекунем.