Боздиди варзишкорони муваффақ аз Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2019-05-20 13:41
Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта буд, боздид ва шиносоии варзишкорони муваффақи кишвар, ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи эълони озмуни ҷумҳуриявии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” ташкил намояд.
Тибқи ҳамин қарор, баъд аз зуҳри рӯзи шанбе дастае аз варзишкорони маъруф вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва шароити ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно гаштанд.
Онҳо аввал аз мусаввараи таърихии Китобхонаи миллӣ, ки дар ошёнаи сеюм воқеъ аст, дидан намуданд. Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи 5 ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир онро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона мебошад.
Сипас, ҳайати роҳбалад аз Китобхонаи миллӣ варзишгаронро аз дигар толорҳои Китобхона ошно намуданд.
Миёни ин меҳмонон варзишкорони шинохта Дилшод Назаров - қаҳрамони гурзандози тоҷик, ғолиби бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва Мавзуна Чориева - варзишкори тоҷик дар риштаи муштзанӣ, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон низ ҳузур доштанд
Гуфтанист, ин бори аввал аст, ки варзишкорони м аъруф дастаҷамъӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф меоранд.
Фарзонаи МИРЗО