Намоиши китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф
Нашр шуд 2017-04-23 15:25
Наздик ба 40 нусха китоби гуногунмавзуъ рафҳои намоиши китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифро дар Китобхонаи миллӣ оро доданд.
Ин намоиши китоб бо ташаббуси Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ дар ошёнаи дуюми бино ташкил шуд.
Хонандагон имкон доранд бо истифода аз фурсат бо китобҳо, ки баъзе тозанашр ва идае солҳои пеш чоп шудаанд, ошно шаванд.
Дар миён китобҳо, ки дар мавзуъҳои мухталиф ба намоиш гузошта шудаанд, хоҳишмандон бо табъу завқи худ метавонанд ё китоби сиёсӣ хонанд ё бадеӣ, ё иқтисодӣ ё иҷтимоӣ ва ғайра.
Намоиши китоб, чуноне ишора рафт, ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф, ки ҳар сол рӯзи 23-уми апрел дар сар то сари олам таҷлил мешавад, бахшида шудааст.
Маълумоти бештаррро аз ин рӯз аз ин ҷо метавонед мутолиа намоед.
Фарзонаи МИРЗО