Рӯзи низофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-03-10 12:44
Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату покӣ буд. Кормандон гирду атрофи биноро тоза карданд, бехи гулҳо ва дарахтонро нарм намуданд. Ҷӯйборҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.
Саҳни бинои Китобхона сарсабз шуда ва дарахтони нав шинондашудаи сӯзанбаргу ороишӣ ва гулҳои тару тоза ба ҳусни он ҳусни тоза зам кардаанд.
Аслан рӯзҳои покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ анъанаи дерин аст. Поку озода нигоҳ доштани саҳни бино ҳусни онро меафзояд.
Имсол бо талоши Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода аз хоҷагиҳо ва муассисаҳои ниҳолпарварӣ беш аз 750 адад ниҳолҳои ороишиву сояафкан оварда, ба тариқи ҳашар шинонда шуд. Аз ҷумла, 66 бех туя-самаранҷи белгиягӣ, 580 бех дарахтони сўзанбарг, 50 бех мажавелник, 56 бех сарв ва зиёда аз 7000 дона гули садбарг шинонида шуд.
Аз заминҳо зиёда аз 20 мошин санг ва партовҳои гуногуни сохтумонӣ бароварда шуданд.
суратгир Фарзонаи Мирзо