Рӯзи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-10-27 13:00
Тибқи анъанаи дерин имрӯз, шанбе, ки маъмулан як рӯзи истироҳатист, барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату тозагӣ буд. Сарҷамъона даст ба тозакориҳо заданд, майдону боғи паси биноро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.
Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, хазонрезаҳоро руфтанд, ҷӯёборҳоро тоза карданд. Дарахт чун организми зинда ҳамеша ба парваришу нигоҳубин ниёз дорад. Ҳарчанд зарфи ин як соли охир маъмурияти Китобхонаи миллӣ барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани боғу роғ тадбирҳои зиёд андешид ва бо ёрии қубурҳо обёрии боғотро ба маротиб осон намуд, вале боз ҳам лозим аст инсонҳо ҳамеша аз ҳоли дарахтон хабар гиранд, бехи онҳоро нарм созанд, ҳар гуна ифлосиҳоеро, ки бод меорад, тоза кунанд.
Ҳамзамон бо ин ба хотири пурра аз хазон тоза кардани боғ, баргҳои зардшудаи дарахтонро резонданд. Ин гуна тадбирҳо имкон медиҳанд, ки боғ дар тирамоҳи заррин ранги дигар гирад ва барои сарсабзии баҳорӣ омода шавад.
Расмҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҷараёни рӯзи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ.