Китоб – имрўзу фардои мо
КИТОБ ҷавҳари илм, сипари матонати афкор ва сарчашмаи комёбиҳои маънавии башарият аст. Илмомўзӣ аз мутолиаи китоб сарчашма гирифта, то ба ихтирооту кашфиёт меанҷомад. Китоб аз замони ба миён омаданаш ҳамчун манбаъ ва воситаи нигоҳдорандаи ғоя ва донишҳо мебошад. Дар раванди аз бар кардани илме шахс марому мақоми худро дар ҷомеа эҳсос намуда, роҳи амалӣ кардани ормонҳои созандаи худро метавонад пайдо намояд ва зиндагии шоистаро баҳри худ ва атрофиён муҳайё созад.
Давлати мо чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол аст, ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил, омўхтани илмҳои динию дунявӣ, технология ва ихтироотро кафолат додааст. Шароит барои илм омўхтан дар ҷомеаи имрўзае, ки умр ба сар мебарем хеле фароху амну амон аст. Бинобар ин мо ҷавонон аз дастовардҳое, ки Офаридгор бароямон арзонӣ доштааст, бояд самаранок истифода барем. Хусусан, шароити озодона дар ҳаёти фарҳангию ҷамъиятӣ, эҷодию бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзиданро нодида нагирему пайи омўхтани илм қадамҳои устувор гузорем. Чуноне, ки пайғамбар Муҳаммад (с) мефармоянд: «Ҳар ки ду қадам дар роҳи таҳсили илм бардорад ва ду соат дар ҳузури олим бинишинад ва ду калима аз ў бишнавад, Худояш ду биҳишт ато кунад ҳар як ду баробари дунё». Хуш ба ҳоли он бародароне, ки аз пайи омўхтани илм ба мамолики гуногуни дунё сафар мекунанд.
Хушбахтии мо ҷавонони саодатманди ин диёр дар самти илмомўзӣ ин аст, ки бо шарофати истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистони азиз ва талошу заҳматҳои бепоёни сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти соҳаи илм дар малакат имкониятҳо ба миён овардааст. Маҳз имконоти фароҳамкардаи сарвари давлати тоҷикон аст, ки бисёре аз ҷавонони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷа ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ва дигар иқдоми хеле наҷиби сарвари давлат, ин ба миён овардани системаи ягонаи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо, яъне таъсиси Маркази миллии тестӣ мебошад. Ҳамчунин сарвари давлат дар ҳар як баромадҳояш, ҷавононро ба илмомўзӣ даъват менамоянд «Хонед, илм омўзед, касбу ҳунарҳоро аз худ намоед ва забондон бошед, зеро ояндаи ин миллату давлат дар дасти шумо ҷавонон аст…»
Ҳамчунин, зикран ба маврид аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пешниҳод намуданд: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад». Инчунин дар идомаи суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Дар замони муосир тарақиёти илму техника бо суръат пеш меравад. Омўхтани илм албатта, ки судманд аст. Ин нуктаро тамоми бузургони ҷаҳон таъкид доштаанд. Аз нигоҳи динию дунявӣ низ илмомўзӣ барои инсонҳо зарурият дорад. Агар ба масъалаи илмомўзӣ аз нигоҳи шаръӣ таваҷҷуҳ намоем, ислом илм омўхтанро ҳам ба зан ва ҳам ба марди мусулмон фарз гардонидааст. Шахси, ки (маҳрум аз дониш, бесавод) дар зиндагӣ дорои тамоми имконият мебошад, аммо барои илмомўхтан кўшиш ба харҷ намедихад ба одами нобино шабоҳат дорад. Яъне шахс агар кўшиш накунаду мустақилона аз пайи омўхтани илм камари ҳиммат набандад, ин кохҳои илму маърифат китобу китобхонаҳо, мактабу донишгоҳҳо барояш нафъи маънавие намедиҳанд. Шахсе, ки талош баҳри зиндагии шоистаро дорад, бояд ҳатман рў орад ба китоб, илму адаб ва касбу ҳунар омўзад. Имрўзҳо мо бо чашми сар мебинем, ки шахси ҳунарманд ва ё донишманд ҳар ҷое ки бошад хор намешавад ва дар байни ҳамагон эҳтироми хосае доранд. Ин аст, ки ҳунарманд ҳар куҷо бошад садр нишин аст.
Баръакс, имрўзҳо ҳастанд шахсоне, хусусан ҷавононе, ки тамоми шароит баҳри аз худ намудани пешае муҳаё аст: ба мисли бунёди таълимгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳо, китобхонаҳои муосир, нашри китобҳо ва ғайра. Аммо кам аст сафи ҷавонони илмомўз, чаро?... Сабаб шояд дар вазифадор накардани омўзгор ва бе назоратии волидайн бошад ва ё ба миён омадани интернет – технология (телефонҳои мобилӣ, саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ, бозиҳои гуногуни компютерӣ) ва ғайра. Аммо қайд кардан ба маврид аст, ки омили самаранокии омўзиш мустақилона омўхтан ва амал намудан мебошад, вале аксар вақт назорат низ дар раванди аз худ намудани донишҳо нақши муҳим мебозад.
Чуноне, ки аз таърих медонем гузаштагони мо дар (чӣ) вазъиятҳои фақиронае илм меомўхтаанду касберо аз худ мекарданд ва ҳеҷгоҳ ба мисли мо чунин имконият ва аз ҳама асосаш дар баъзе аз давраҳои таърихӣ онҳо озодии суханро надоштанд. Дар чунин шароите, ки давлату ҳукумат барои мо ҷавонон муҳайё намудааст, наомўзему илму пешаеро аз худ накунем, куфри неъматҳо мегардад, чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармоянд:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Замонае фаро расидааст, ки доир ба ҳар як риштаи илм китобхонаҳо дар алоҳидагӣ бунёд гардидаанд ва роҷеъ ба ҳар як масъала ва саволҳо китобҳо ба нашр мерасанду метавонем талаботи худро қонеъ гардонем. Бинобар ин махсусан мо ҷавононро зарур аст бештар омўзему амал намоем ва роҳи китобхона ва интихоби адабиётро дониста бошем. Чунки роҳе, ки моро сўй андешаи неку олами рўҳӣ ва ғоявию ахлоқӣ ҳидоят месозад ин мутолиаи китоб аст.
Аз рўи натиҷаи татқиқоти сатсиологӣ дар байни хонандагон дар мавзўи «Мутолиа дар хона хуб аст ё дар китобхона», шумораи зиёди хонадагон иброз доштанд, ки макони самарбахшии мутолиа ин китобхона мебошад.
Хонандаи азиз, илм босуръат пеш меравад ва вақт аз онҳам зудтар, пас ту бояд бештар мутолиа намоӣ то соҳибкамолу соҳибкалом гардӣ.
Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон