Шумо мехоҳед дар бораи шахсиятҳои барҷастаи Русия китоб хонед?

Агар ҳа, пас ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Соли 2013 дар нашриёти «ОЛМА Медиа Груп» шаҳри Маскав, китоберо таҳти унвони «Шахсиятҳои барҷастаи Русия» (Великие люди России) бо теъдоди 4500 нусха интишор дод. Китоб дорои аҳамимяти илмӣ-таърихӣ буда, ба дўстдорони илму фарҳанг ва таърихи оламшумули Русия пешниҳод шудааст
         Ин асари маълумотӣ, донишномаи мусаввар буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти чанде аз намояндагони машҳури халқи рус, таърих ва урфу одати мардуми Русия маълумот медиҳад.
Шахсиятҳои машҳуре, ки дар ин китоб дар бораашон маълумот оварда шудааст, саҳми беандозае дар рушди таърих ва илму фарҳанги халқи рус гузоштаанд.     
Мутафакири юнони қадим Ҳеродот, ки ўро падари таърих меҳисобанд, гуфтааст, ки китобҳои худро барои он менависад, ки воқеаҳои гузашта, корнамоиҳои шоистаи бузургон бо мурури замон ба гӯшаи фаромўши нараванд, ба монанди қабилаҳои элениҳо ва барбариҳо. Масалан, посух ин суол, ки чаро онҳо бо ҳам меҷангиданд?  Таърихи инсоният - ин таърихи ихтироъ ва фаромўшӣ, болоравию афтиш, ҷангу сулҳ аст ва он маданияти муносибатҳост. Хулосаи калом таърих ин тай кардани роҳҳои дипломатии давлатҳо ва халқҳои гуногун аст.           
Китобе, ки хостем муаррифӣ кунем, ҳамин гуна пораҳои таърихи Русияро дар симои шахсиятҳои бузургаш бозгӯ мекунад. Дар ҷараёни мутолиаи он хонанда беихтиёр саҳфаҳои таърихро варақгардон мекунад ва ин танҳо таърихи як миллат нест, ин таърихи башар аст.
Дар китоб хонандаи соҳибзавқ метавонад дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, илмӣ фа фарҳангиву адабии Русия, ба монандӣ сарлашкарони бузург М.И. Кутузов, Г.К. Жуков, А.П. Ермолов, М.Д. Скобелев, муҳаққиқон М.В. Ломоносов, И.П. Кулибин, Н.И. Лобачевский, Д.И. Менделеев, С.П.Королев, кашофони фазо Ю.А. Гагарин, А.А. Леонов, В.В. Терешкова,  қаҳрамонон П.М. Кошка, бародарон Тучковҳо, Д.В. Давидов, нависандагон ва шоирон А.С. Пушкин, М.Ю. Лермонтов, Н.В. Гогол, Ф.И. Тютчев, И.С. Тургенев, Л.Н. Толстой, М.А. Булгаков маълумотҳои хеле ҷолиб бихонад.
Ин афрод дар садсолаҳои гузашта зиндагӣ кардаанд ва мо насли ҷавон дар бораи қаҳрамонӣ ва рафтори қаҳрамононаи онҳо аз асарҳои таърихию адабӣ мутолиа мекунем. Дар қатори ин шахсиятҳои бузург, инчунин сайёҳон низ буданд, ки онҳо бо таҳқиқотҳои худ Осиёи Миёна ва Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Доир ба ҳаёт ва зиндагии тоҷикони куҳистон муҳақиқоне мисли  Логофет, Андреев,  Михайлов, Бронз, Гинзбург, Бертелс таҳқиқот бурданд.
Китоби мазкур дар бораи ҳаёт ва фаъолияти 132 шахсиятҳои бузурги Русия маълумот медиҳад. Инҳо касоне ҳастанд, ки дар қарнҳои пеш зиндагонӣ кардаанд, иддаи дигар даҳсолаҳо қабл ва гуруҳе ҳамзамонони моянд. 
Китоби «Великие люди России»,  зери рақами 313 дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфўз аст ва шумо метавонед ҳар вақт бихоҳед, онро барои мутолиа дархост кунед.

Шарофат Пардаева,
мутахассисипешбари
Шуъбаинигоҳдориидепозитарӣ