Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кўтоҳ даст ёбанд.
Табиист, ки Китобхона чун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар
Дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир воқеъ аст, ки айни ҳол дар он беш аз 100 нусхаи ҷолиби диққат, ки ҳар кадомро метавон як дастоварди хаттии ниёгонамон ҳисобид, дар маърази тамошо гузошта шудааст.
Ҳамасола садҳо нафар аз меҳмонони воломақом ва тамошобинон аз дохил ва хориҷи кишвар ба ин осорхона ташриф меоваранд.
Дирўз ба шуъбаи нигоҳдории китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз шуъбаи такмили адабиёт 646 нусха адабиёти тозанашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ворид гардид.
Дар байни китобҳои тозаворид «Куллиёти осор»-и шодравон Абдулманнони Насриддин, донишманди маъруфи кишвар иборат аз ҳафт ҷилд низ ҳаст.
Дар куллиёти олими шинохта рисолаҳои илмии ӯ, ки бархе замони дар қайди ҳаёт будани устоди сухан чоп шудаву баъзеи дигар ба тозагӣ нашр
Маҳфили имрӯзаи “Дастони моҳир” аз суҳбати чатр оғоз шуд. Чатр ва боз ҳоло ки борон ҳам гоҳ ҳасту гоҳ нест. Вале одамон дар тобистони гарм барои ҳимояи пӯсти худ аз чатр истифода мебаранд. Ҳарчанд чатри борониву офтобӣ фарқ мекунад ва мухлисону ҳаводорони чатри офтобӣ назар ба чатри боронӣ ба маротиб камтаранд.
Рӯзи борони шадид марзу зан ё тифли бечатрро камтар мебинем. Вале дар гармои тобистон чатрпӯшони офтобӣ ба ҳадде каманд...