Ин бор дар маҳфили “Дастони моҳир” мавзуъ тасвири Занбӯр ва Момоҳаво буд. Чун тобистон аст ва замони гаштугузори ин ду ҷонвараки зебост. Бачаҳо дар бораи ин ду ҷонвараки хурдакак чӣ медонанд?
Саволе буд, ки чун анъана дар аввал ба ширкаткунандагонаш дода шуд. Мураббиён аввал посух гирифтанд ва баъдан донишҳои онҳоро дар ин бора пурра карданд. Гуфтанд, ки занбӯр ҷонвари хеле фоидаовар аст, ки шарбати гулҳоро мечашад ва ҳосили онро, ки асал аст,