Тасвирҳои бачагонаи Занбӯр ва Момоҳаво дар “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2016-07-09 15:30
Ин бор дар маҳфили “Дастони моҳир” мавзуъ тасвири Занбӯр ва Момоҳаво буд. Чун тобистон аст ва замони гаштугузори ин ду ҷонвараки зебост. Бачаҳо дар бораи ин ду ҷонвараки хурдакак чӣ медонанд?
Саволе буд, ки чун анъана дар аввал ба ширкаткунандагонаш дода шуд. Мураббиён аввал посух гирифтанд ва баъдан донишҳои онҳоро дар ин бора пурра карданд. Гуфтанд, ки занбӯр ҷонвари хеле фоидаовар аст, ки шарбати гулҳоро мечашад ва ҳосили онро, ки асал аст, ба мо медиҳад.
Дар бораи ин ду ҷонварак зиёд сухан ронданд, аҳамияти вуҷуди онҳо дар табиатро шарҳ доданд. Ва баъд хостанд то ҳар кадоми онҳо тасаввурои худро дар бораи Занбӯр ва Момоҳаво рӯйи коғаз оранд, расмашонро кашанд ва онҳоро аз коғаз омода созанд.
Атфоли ширкаткунанда дар ин маҳфил таассуроти худро дар бораи ин ду ҷонвар рӯйи коғаз оварданд.
Дар хотима дар бораи онҳо шеърхониҳо карданд, момоҳаворо рӯйи дастонашон гирифта, дар ситоиши вай байтхонӣ карданд.