Activities calendar

07 июля 2016

Назарияи тозаи шинохти инсон

Рӯзи 5 июли соли равон дар толори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби “Назария дар бораи тафовут дар тибиати ашёӣ: дар мавриди қонуниятҳои тафовути табиат, минталитет ва зарфиятҳои инсон” бо иштироки олимони соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон ва доираи васеъи алоқамандон баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш муаллифи китоб, физикдони тоҷик Т. Раҷабов дар хусуси ҳадафи таълифи китоб, мӯҳтаво ва моҳияти илмии мавзӯи он суханронда таъкид намуд, ки илми муосир дар шинохти табиати инсон имрӯз аз имкониятҳои соҳаҳои гуногуни донишҳои муосир истифода менамояд. Махсусан, аз нигоҳи қолабҳои тафаккури умумии тибатшиносӣ ва илмҳои дақиқ пажӯҳиш намудани вежагиҳои табиати инсон ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Дар китоби мавриди назар мо бори нахуст кӯшиш ба харҷ додаем, ки

Абдулазиз Ашуров: “Ман маъюб нестам, ман «ТАВОНМАНДАМ»!

Ҳангоме ки вожаи маъюб ё маълул минҳайси унвоне, ки нисбат ба ашхоси бечора ва дорандаи нуқсҳои ҷисмонӣ корбаст мешавад, аз дидгоҳи банда хеле дарднок ва аламовар аст. Чунки ин ашхос дар ҷомиа на ба унвони гунаҳкор ё айбдор балки ба истилоҳи банда ин табақа бояд ба унвони «Тавонманд» баромад кунанд. Яъне табақаи ниёзманд нею табакаи «тавонманд» истифода бурда шавад. Чаро тавонманд? Дар ҳоле ки мо ин қишри ҷомеаро айбдору иллатдору имконияташон маҳдуду ва бо дигар сифатҳо ном мебарем, аммо