Директорони Китобхонаи миллӣ: Раҳматзода, Овчинникова, Слиозберг, Каримова, Абдуллоева
Нашр шуд 2016-07-10 09:48Усмон Раҳматзода аз сентябри соли 1937 то феврали 1938 директори китобхона буд. Мавсуф соли 1906 дар ш. Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода, соли 1932 Институти иқтисоду савдои ш. Маскавро ба поин оварда, дар корҳои масъули ҳизбию давлатӣ заҳмат кашидааст. Солҳои 1939-1941 муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») буд. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Солҳои 1945-1947 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри