Директорони Китобхонаи миллӣ: Раҳматзода, Овчинникова, Слиозберг, Каримова, Абдуллоева

Усмон Раҳматзода аз сентябри соли 1937 то феврали 1938 директори китобхона буд. Мавсуф соли 1906 дар ш. Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода, соли 1932 Институти иқтисоду савдои ш. Маскавро ба поин оварда, дар корҳои масъули ҳизбию давлатӣ заҳмат кашидааст. Солҳои 1939-1941 муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») буд. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Солҳои 1945-1947 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскав хонда, ба сифати котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод (1948-1952), мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон (1952-1957), ректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1957-1973) хидмат намудааст. Солҳои охир сарварии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Тоҷикистонро ба зимма дошт. Соли 1989 дар ш. Душанбе вафот кардааст.

****   ****    ****

Аз феврали соли 1938 то феврали соли 1944 Даря Порфировна Овчинникова ба ҳайси директори китобхона кор кардааст. Таассуфан, перомуни ҳаёту фаъолияти номбурда маълумоти лозим дастрас нашуд. Ў дар даврони мушкил – авҷи шахспарастӣ ва фоҷиаҳои инсонӣ, инчунин чаҳор соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба махзани бузургтарини маърифати ҷумҳурӣ сарварӣ намудааст. Дар ин давра (1940) корҳои лоиҳавӣ оид ба нақшагирӣ ва бунёди бинои нави китобхона анҷом ёфтанд, вале бинобар оғози ҶБВ амалӣ нагардид.

Соли 1941 аввалин нашрияҳои библиографӣ-«М.Ю.Лермонтов» ва «Армияи Сурх дар ҳифзи Ватани сотсиалистӣ» ба табъ расиданд. Даврони ҶБВ китобхона мувофиқи талаботи замон фаъолияташро ба роҳ монд, кормандони он дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат намуда, баҳри баланд рафтани маърифати мардум кўшиши фарвон ба харҷ доданд.

****   ****    ****

Талман Рина Осипова моҳи феврали соли 1944 директори китобхона таъин гардид ва то моҳи октябри соли 1946 дар ин вазифа заҳмат кашид. Ў соли 1903 таваллуд шудааст. Соли 1925 Донишгоҳи педагогии Ростовро хатм карда, дар макотиби ҳамагонии Ростови лаби Дон аз фанни таърих дарс гуфтааст. Соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон омада, бо ифтитоҳи Китобхонаи марказӣ дар ин ҷо фаъолияташро оғоз мекунад ва ҳаёти хешро пурра ба равнақи кори китобдории тоҷик мебахшад, ба сифати мудири шуъба, муовини директори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ босамар заҳмат кашида, сазовори унвони «Китобдори Шоистаи Тоҷикистон» гардидааст. Р.О.Талман дар танзиму ба низом даровардани маводи библиографӣ хиштҳои аввалинро гузоштааст. Нахустин феҳрасти китобҳоро тартиб дода, ҳамчун мутахассиси варзида дар мураттаб ва таҳияи дастурҳои мухталифи библиографӣ ва маводи методӣ нақш гузоштааст. Бисёр комёбиҳои дар риштаи библиографияи миллии тоҷик ба даст омада бо номаш сахт марбут аст. Нишондиҳандаҳои библиографии таҳия намудаи ў: «Садриддин Айнӣ», «Мирзо Турсунзода», «Рўдакӣ», «Михаил Лермонтов», «Феҳрасти китобҳои Тоҷикистон», «Шаҳрҳои Тоҷикистон», «Пахтакор бояд чиҳоро хонад?», «Муҳофизати ёдгориҳои мадании Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «НБО Қайроққум», «Дўстии халқҳо» ва ғайра қимати библиографию услубии худро нигоҳ медоранд ва мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтаанд. Вай аввалин очерки мухтасар ва роҳнаморо ҳанўз соли 1954 дар бораи Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба нашр расонида буд. Аксари кормандони китобхона нозукиҳои касбро аз ў омўхтаанд.

****   ****    ****

Аз октябри соли 1946 роҳбарии китобхона ба уҳдаи Исохон Зокиров гузошта шуд ва номрафта то июли соли 1949 ба нафъи он хидмат намуд. Дар давраи баъдиҷангӣ шароити лозим барои пешбурди фаъолияти китобхона ба вуҷуд омад ва сарвари нав ҷиҳати қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавии хонандагон талоши зиёд ба харҷ дод. Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки Исохон Зокиров аз соли 1938 дар китобхонаи асосии ҷумҳурӣ фаъолият намуда, нозукиҳои кори онро хуб медонист. Теъдоди махзани китобхона ва шумораи хонандагон рў ба афзоиш ниҳод. Ҷамъоварии маҳсули чопии тамоми ҷамоҳири шўравӣ ва хориҷ аз он ба низом даромад. Барои рушди соҳаҳои фаъолияти илмӣ – китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, китобшиносии миллии тоҷик замина пайдо шуд.

****   ****    ****

Аз моҳи июли соли 1949 то марти 1950 ба сифати директори китобхона Олга Ефимова Слиозберг хидмат намудааст. Номбурда аз соли 1939 дар китобхона заҳмат кашида, чун китобдор, мудири толори хониш, мудири шуъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ таҷрибаи ғанӣ андўхтааст, аз соли 1942 муовини директори китобхона буд. Роҳбарии О.Е.Слиозберг ҳамагӣ ҳашт моҳ идома ёфта бошад ҳам, ў баҳри пешбурди кори ин махзани маърифат заҳмати зиёд ба харҷ додааст.

****   ****    ****

Каримова Омина Баҳодуровна (1924-1999), номзади илми таърих. Солҳои 1950-1958 директори КМТ буд. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ). Дар вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ (муовини раиси ш. Душанбе, котиби якуми кумитаи партиявии н. Марказии ш. Душанбе, муовини вазири маориф (1958-1976) кор кардааст. Солҳои 1976-1988 директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 150 кори илмӣ оид ба масоили ташаккули маорифи Тоҷикистон мебошад. Барои синфҳои 9-10 китоби дарсии «Таърихи РСС Тоҷикистон» навиштааст. Панҷ даъват депутати Совети Олии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ» медалҳо ва Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сазовор шудааст.

****   ****    ****

Абдуллоева Соҷида Хоҷаевна (1921-1980) аз моҳи июни соли 1958 то ноябри соли 1963 вазифаи директори КМТ иҷро кардааст. Ў Омўзишгоҳи педагогии Хуҷанд (1941), Мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии КПСС (1956)-ро хатм кардааст. Солҳои 1963-1974 директори Китобхонаи байнирайонии вилояти Ленинобод ба номи Тошхоҷа Асирӣ, 1974-1980 директори Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагона буд. Саҳмаш дар рушду нумўи фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ, бахусус китобхонаҳои давлатии ҷумҳуриявии ба номи А.Фирдавсӣ калон аст. Дар ин давра дар китобхона шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ ва адабиёти техникӣ ба фаъолият пардохта, дар назди Комбинати сементи ш. Душанбе ва ГЭС-и Норак филиалҳои китобхона кушода шудаанд. Соли 1962 дар китобхона машварати байниҷумҳу­риявии кормандони китобхонаҳои ҷамоҳири Осиёи Миёна ва Қазоқистон перомуни беҳбуди фаъолияти онҳо доир гардид. Дар китобхона семинарҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии китобдорон тез-тез ташкил мешуданд, таҷрибаи кори китобхонаҳои пешқадам дастраси умум мегардид. Оид ба ҷиҳатҳои ҳалталаби фаъолияти китобхонаҳо маводи расмӣ, таҷрибавиро интишор намуданд.

Барчаспҳо: