Директорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Аз Белудау то Сирус
Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд. Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, барои ин манзур иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўзафзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад. Дар ин қисмат дар бораи директорон, муовининон ва дар ниҳоят оиди кормандон ва собиқадорони Китобхона ба таври мухтассар сухан меравад, ки саҳми онҳо дар бунёди ин даргоҳи илму маърифат бениҳоят зиёд аст.
Бо таъсиси Китобхонаи ҷумҳуриявии давлатии оммавӣ (1 январи соли 1933) аввалин директораш А.Л. Белудау таъин гардид. Номрафта аз сентябри соли 1932 роҳбарии китобхонаи пойтахтро ба зимма дошт ва амалан дар таъмиру азнавсозии бино бевосита ширкат варзид. Дар ин ҷо толори хониш бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид, китобҳои мавҷуда ва аз шаҳри Ленинград ирсолшуда ҷобаҷо ва мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтанд. Мураттабсозии аввалин феҳристҳои алифбоӣ шурўъ шуд. 35 китоб ба забонҳои инглисӣ, немисӣ ва фаронсавӣ вориди коҳи маърифат гардид. Мутаассифона, дар бораи ҳаёту фаъолият ва тақдири минбаъдаи А.Л. Белудау маълумот дастрас нашуд. Ў қариб ҳашт моҳ ин вазифаро сарбаландона иҷро кард ва бешак, дар поягузории бузургтарин китобхонаи ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошт.
Аз 4 августи соли 1933 Олия Ҳоҷибоева масъулияти роҳбарии Китобхонаро ба ўҳда гирифт, як қисмати бинои Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР ба ихтиёри он гузашт, шароит барои китобдорону хонандагон беҳтар ва ҷои китобнигоҳдорӣ васеъ шуд, фаъолияти шуъбаи коркарди адабиёт беҳбуд ёфт. Барои шуъбаи Шарқ (баъдан шуъбаи дастнависҳои Шарқ ва китобҳои нодир) утоқи алоҳида ҷудо гардид, харидани дастнависҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ аз мардум шурўъ шуд, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин мақсад ҳамасола ҷудо кардани маблағи муайянро роҳандозӣ намуд. Олия Ҳоҷибоева то июни соли 1935 дар раъси китобхона қарор дошт ва хизматаш дар беҳбуди фаъолияти он калон аст. Оид ба тақдири минбаъдаи ин бонуи фарҳангӣ низ маълумот дастрас нашуд.
Саввумин директори китобхона Баҳром Сирус мебошад, ки аз июни соли 1935 то августи соли 1936 ба нафъи кохи маърифат хизмат ба ҷой овард. Ў соли 1885 дар Ленкорани Арманистон ба дунё омада, 1908-1920 дар Эрон муаллимӣ кардааст. Соли 1925 ба Маскав омад, дар курси дусолаи сиёсии байналмилалӣ хонд ва ба Тоҷикистон фиристода шуд, дар системаи маорифу матбуот заҳмат кашид, аз соли 1938 ходими Базаи тоҷикистони АИ СССР ва аз соли 1958 то поёни умр – 1981 ходими калони илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон буд. Соли 1962 сазовори унвони доктори илми филологӣ ва 1965 унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон гардидааст. Муаллифи чандин китобҳо, чун «Қофия дар назми тоҷик», «Арўзи тоҷикӣ», китоби шеърҳо бо номи «Ҳадя» мебошад. Баҳром Сирус як умр бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт ва дар тавсеаи фаъолияти шўъбаи дастхатҳои Шарқ саҳм гирифтааст.
Аз августи соли 1936 то сентябри соли 1937 директори китобхонаро Ризо Содиқов ба ўҳда гирифтааст. Оид ба ҳаёту фаъолияти номрафта маълумот пайдо кардан муаяссар нагардид. Давраи сарвариаш теъдоди кормандон аз 36 ба 49 нафар ва хазинаи китобҳо аз 72.000 қариб ба 96.000 расид. Назди китобхона курсҳои кўтоҳмуддат оид ба омўзиши забонҳои инглисӣ ва олмонӣ, инчунин математика кушода шуданд. Дар дохили шуъбаи нигаҳдории китоб сектори матбуот боз карданд, фаъолияти шуъбаи пуркунии адабиёт аз ҳамин давра оғоз ёфт. Моҳи июни соли 1937 ба муносибати зодрўзи шоири бузурги рус А.С. Пушкин аввалин намоиши китобҳо кушода шуд, ки минбаъд анъанавӣ гардид.