Директорони Китобхонаи миллӣ: аз Ҳамроева то Муҳиддинов
Нашр шуд 2016-08-20 17:31
Ҳамроева Башорат Абдуллоевна (1926-2009) аз ноябри соли 1963 то ноябри соли 1967 директори китобхона буд. Бо туфайли кўшишу ғайраташ дар китобхона хизматрасонӣ ба хонандагон ва мазмуни захираи китобӣ беҳтар гардид. Фақат соли 1966 теъдоди умумии хонандагон қариб ба 30 ҳазор нафар расид. Ба захираи китоб беш аз 57 ҳазор нусха китоб, аз ҷумла ба захираи дастхатҳо 415 нусха дастхатҳои нодир ва китобҳои чопи сангӣ ворид гардидаанд.

Усмон Раҳматзода аз сентябри соли 1937 то феврали 1938 директори китобхона буд. Мавсуф соли 1906 дар ш. Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода, соли 1932 Институти иқтисоду савдои ш. Маскавро ба поин оварда, дар корҳои масъули ҳизбию давлатӣ заҳмат кашидааст. Солҳои 1939-1941 муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») буд. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Солҳои 1945-1947 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри
Аз 04.02.2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

