Директорони Китобхонаи миллӣ: аз Ҳамроева то Муҳиддинов
Ҳамроева Башорат Абдуллоевна (1926-2009) аз ноябри соли 1963 то ноябри соли 1967 директори китобхона буд. Бо туфайли кўшишу ғайраташ дар китобхона хизматрасонӣ ба хонандагон ва мазмуни захираи китобӣ беҳтар гардид. Фақат соли 1966 теъдоди умумии хонандагон қариб ба 30 ҳазор нафар расид. Ба захираи китоб беш аз 57 ҳазор нусха китоб, аз ҷумла ба захираи дастхатҳо 415 нусха дастхатҳои нодир ва китобҳои чопи сангӣ ворид гардидаанд. Корҳои методию библиографӣ, хизматрасонӣ дар абонементи байникитобхонавӣ ва дигар шуъбаҳо ва бахшҳо хуб ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра 22 нафар кормандони китобхона дар шуъбаҳои ғоибона, шабонаи Донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус таҳсил мекарданд. Барои дигарон дар китобхона машғулиятҳои донишҳои касбӣ (техминимум) ба роҳ монда шуда буд. Б. А. Ҳамроева аз соли 1967 ҷонишини Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва минбаъд низ дар беҳбуди базаи моддию техникии маҷмўи китобхонаҳои оммавии давлатӣ (солҳои 1975-1980), ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо ва ғайра саҳми калон гузошт.
Бобоҷонова Нуриниссо Ҳомидҷоновна (1931-2007) аз ноябри соли 1967 ба вазифаи директори КМТ таъин шуд ва тӯли бист сол – то октябри соли 1987 хизмат намуд. Ў Омўзишгоҳи занонаи омўзгории ш. Сталинободро соли 1952 бо баҳои аъло хатм намуда, солҳои 1952-1954 ба ҳайси инструктори КМ ЛКСМ Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Солҳои 1954-1959 таҳсилро дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) идома медиҳад.
Нуриниссо Бобоҷонова пас аз хатми Донишгоҳи олӣ (1959) фаъолияти кориашро дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ идома мебахшад, ҳамчун китобдор, мудири шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ заҳмат мекашад. Дар давраи сарварии ў фаъолияти ин даргоҳ равнақ ёфт, сохторҳои нави корӣ (шуъбаҳои библиографияи миллӣ, нигоҳдории китобҳои депозитарӣ, ахбор оид маданият ва санъат, фонди мубодилавӣ, илмию тадқиқотӣ ва ғайра) тавлид ёфтанд ва сохтмони бинои иловагии он (барои 2,7 млн. адад ҷои китобнигоҳдорӣ) ба истифода дода шуд, нуфузи китобхона дар байни ҳамкасбони ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ ва мамолики дуру наздик баланд гардид.
Нуриниссо Бобоҷонова барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фаъолияти кории Китобхона дар бисёр чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат варзида, таҷрибаи пешқадами онҳоро сармашқи кор гардонидааст. Дар давраи роҳбарии ў корҳои илмию методӣ ва таҳқиқотии Китобхона ба зинаҳои баланд бароварда шуд ва теъдоди маҳсулоти чопии он низ хеле афзуд.
Бо роҳбарии бевоситаи ў дар ҷумҳурӣ (солҳои 1970-1980) мутамарказонидани маҷмўи китобхонаҳои кишвар ба амал оварда шуданд ва теъдоди сафарҳои кормандони Китобхона ба гўшаю канори ҷумҳурӣ бо мақсади расонидани ёрии методию амалӣ ба китобдорони деҳот, омўхтани таҷрибаи пешқадами онҳо зиёд гардид.
Барои хизматҳои шоёнаш бо қарори Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (29 июли с. 1975, 1 апрели с. 1981) бо Грамотаи Фахрӣ ва унвони «Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Ғоибназаров Соҳибназар (1940-2004) аз моҳи октябри соли 1987 то майи 1998 директори КМТ будааст.
Соҳибназар Ғоибназаров соли 1959 Омўзишгоҳи маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) ва соли 1964 факултаи китобдории Институти маданияти Маскавро ба итмом расонидааст.
Фаъолияташ аз корманди китобхонаи бачагонаи шаҳри Норак оғоз ёфта, баъдан соли 1963 дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ чун китобдор кор кардааст.
Солҳои 1968-1969 сардори нозироти китобхонаҳои Вазорати маданияти ҷумҳурӣ буд ва баъди адои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ (1971-1975) ба Раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати маданияти Тоҷикистон сарварӣ намудааст.
Солҳои 1975-1978 вай муовини директори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон, 1975-1978 сардори Раёсати муассисаҳои маданӣ-маърифатии Вазорати маданияти Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1998 то поёни умр мудирии бахши коргузории ин Китобхонаро ба уҳда дошт. Саҳмаш дар рушду такомули фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, созмон додани дастаҳои таронаю рақс, театрҳои халқӣ, маҳфилҳои ҳаваскорони худфаъолиятӣ, осорхонаҳо, гузаронидани семинару озмунҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳа калон аст. Беш аз бист соли фаъолияташ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сипарӣ шудааст. Бо ибтикораш дар ин ҷо шуъбаҳои Тоҷикистоншиносӣ, депозитарӣ созмон ёфтанд. Хидматаш дар бобати муттамарказонии китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ сазовори таҳсин аст.
Ў перомуни фаъолияти китобхонаҳою дигар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар нашрияҳои даврӣ ва маҷмўъаҳои соҳавӣ мақолаҳои илмӣ-оммавӣ зиёд ба табъ расонидааст, ки бо мадраку маводи таҳлилӣ тафовут доранд, дар таҳрири дастуру тавсияномаҳои соҳавӣ фаъолона ширкат варзидааст.
Бо ордени «Дўстӣ» сазовор гардидааст.
Саидалӣ Муҳиддинов (соли таваллуд 1956) аз моҳи майи соли 1998 то январи 2003 вазифаи директори китобхонаро бар уҳда дошт.
Саидалӣ Муҳиддинов соли 1977 факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, муддате мудирии китобхонаи донишкадаи номбурдаро ба дўш дошт. Баъди адои хидмат дар қувваҳои мусаллаҳ (солҳои 1979-1985) дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ дар вазифаҳои китобдори калон, сармуҳаррир, мудири сектор, мудири шуъба заҳмат кашидааст.
Солҳои 1984-1985 дар Афғонистон чун тарҷумон кор кардааст ва панҷ соли минбаъда дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарс гуфтааст. Солҳои 1990-1993 аспиранти Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Маскав, аз соли 1993 то 1998 декани факултаи ғоибонаи ДДСТ ба номи М.Турсунзода буд.
Солҳои охир дар Донишгоҳи славияни Руссияю Тоҷикистон ба сифати мудири кафедра ифои вазифа менамояд. Доктори илми таърих, профессор мебошад.
Саидалӣ Муҳиддинов баробари иҷрои фаъолияти маъмурӣ дар бобати китобдорию китобшиносӣ ва дигар масоили марбута як силсила дастуру тавсияномаҳо, аз қабили «Ба сўи комёбиҳои нав» «Маслиҳатҳои методӣ ба ёрии китобхонаҳои оммавӣ», «Китобхона – автомобил (библиобус) ва роли он дар хизматрасонии мадании меҳнаткашон», «Абўалӣ ибни Сино», «Бадмастӣ – душмани саломатӣ», «Библиографинамоии минётурҳои форсӣ-тоҷикӣ», «Никоҳ ва оила» ва ғайраро навиштааст.
Вай қариб сӣ номгўи мақолаҳою баромадҳои илмӣ ва маводи илмию услубӣ дошта, дар ҳудуди навад мақолоти проблемавӣ, тақризу мухбирномаҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ ба табъ расонидааст. Хидматаш дар таҳрири маводи чопии китобхонаи миллӣ назаррас мебошад.
Ў муаллифи «Консепсияи инкишофи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ то соли 2010» аст.