Activities calendar

19 августа 2016

Намоиши китоби Истиқлолият

Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар саҳни Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад ва дар он кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо намоиши китоб ҳузур пайдо мекунанд.  Ҳадаф ҷалби мардум ба мутолиаи китоб мебошад.
Аввалин намоиш рӯзи 6-уми август доир шуд ва намоиши дуюм рӯзи 13-уми август. Пагоҳ, яъне 20-уми август он такрор мешавад.

Назаре ба тасвир ва феҳристбандии сарчашмаҳои электронӣ дар замони муосир

Техника ва технологияи муосир тақозо менамояд, ки фаъолияти китобдорӣ чун соҳаи муҳимтарини фарҳангу маориф дар баробари усулҳои анъанавӣ бо шуур ва талаботи муосир ҳамгом бошад. Феълан дар соҳаи китобдорӣ бо рушди технологияи иттилоотӣ дигаргуниҳои куллие ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҷумла дар самти тасвирҳо, ҷамъоварӣ, махзанҳо, нигоҳдошт, хизматрасонӣ ба муштариён ва муайян намудани омор дар самти хизматрасониҳои китобхона ва ҳатто дар раванд ва сифати фаъолияти кормандони китобхона усулҳои навин роҳандозӣ шудаанд.

«ДУНЁИ ТЕАТР»

«Дунёи театр» соли 2007 аз ҷониби Алихон Маҳмадов нашр гардидааст. Муаллиф андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни театри тоҷик дар китоби мазкур зикр намудааст.
Ин китоб аз чордаҳ боб иборат буда, боби аввал «Театр», боби дуюм «Драманавис», боби сеюм «Коргардон», боби чорум «Поягузори аввалин театри касбии тоҷик», боби панҷум «Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ», боби шашум «Рўзҳои муродбахши Театри ба номи Лоҳутӣ», боби ҳафтум «Театри ба номи В. Маякавский», боби ҳаштум «Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов», боби нуҳум «Зиндагӣ дар театри ҷавонон», боби даҳум «Театри давлатии