Назаре ба тасвир ва феҳристбандии сарчашмаҳои электронӣ дар замони муосир
Техника ва технологияи муосир тақозо менамояд, ки фаъолияти китобдорӣ чун соҳаи муҳимтарини фарҳангу маориф дар баробари усулҳои анъанавӣ бо шуур ва талаботи муосир ҳамгом бошад. Феълан дар соҳаи китобдорӣ бо рушди технологияи иттилоотӣ дигаргуниҳои куллие ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҷумла дар самти тасвирҳо, ҷамъоварӣ, махзанҳо, нигоҳдошт, хизматрасонӣ ба муштариён ва муайян намудани омор дар самти хизматрасониҳои китобхона ва ҳатто дар раванд ва сифати фаъолияти кормандони китобхона усулҳои навин роҳандозӣ шудаанд.
Таҳлили воқеият нишон медиҳад, ки ин падидаҳо дар баробари мухолифати усулҳои анъанавӣ ва ё ба истилоҳ «қадим» барои дар муддати кўтоҳ дастрас кардани маълумоти лозима ба донишомўзону олимон хеле мусоид мебошад. Агар барои мисол дар усули анъанавӣ барои пайдо намудани як китоб аз феҳрист маълумот ҷустуҷў намуда, маълумотро ба коказ рўнавис созем ва онро то толор бубарем ва пасон аз толор он ба махзан фиристода шавад, дар маҷмуъ наздик ба 10 то 15 дақиқаи хонанда дар раванди пайдо намудани як китоб масраф мешавад. Вале технологияи муосир ва истифодаи дурусти он ин вақтро ба маротиб кўтоҳ намуда, шояд то 5 ва 10 дақиқа поён мефарорад. Ин аст, ки дар соҳаи китобдорӣ дар баробари усулҳои фаъолияти анъанавии китобдорӣ, инчунин, феҳристҳои электронӣ, китобхонаҳои электронӣ ва табодули китобҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Иқдомоти нахустини Китобхонаи миллӣ
Қабл аз он, ки ба матлаби асосӣ бипардозем бояд гуфт, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар баробари феҳристи анъанавӣ, инчунин истифодаи феҳристи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ба воситаи барномаи «Aleph» тасвир ва феҳристсозии электронӣ ба роҳ монда шуда, ба тариқи қисмати дуюми барнома бо номи OPAC (online public access catalog) хонандагон аз феҳристи электронии китобхона истифода мебаранд. Ҳамчунин, дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар «Хазинаи электронии мусиқии тоҷик» бунёд карда шудааст. Мутахасисони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии китобхона барои таъсиси китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ фаъолият карда истодаанд, ки соли ҷорӣ китобхонаи электронӣ ба истифода дода мешавад. Ба ҳамин монанд метавон даҳҳо мисол овард, ки ба воситаи технологияи муосир фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин мақола доир ба масъалаи тасвири библиографии сарчашмаҳои электронӣ ибрози назар менамоем, зеро сабти сарчашмаҳои электронии чопию мусаббат, тасвир ва феҳристбандии сарчашмаҳои электронӣ дар замони муосир, хеле муҳим ва муфид аст. Ҳанўз дар замони Иттиҳоди Шўравӣ дар Тоҷикистон феҳристбандии грампластинкаҳо (маводи мусаббат) окоз гардида буд, ки то ба имрўз дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон 2, 414 гармпластинкаи феҳристшуда мавҷуд мебошанд. Бояд гуфт, ки дар он замон тасвир ва феҳристбандии грампластинкаҳо дар китобхонаҳо қадаме ба рушду тараққиёти соҳа маҳсуб мегардид. Зеро дар баробари маводи чопӣ, дар грампластинкаҳо суруду мусиқӣ, барномаҳои илмию адабӣ сабт ва мавриди истифода қарор дода мешуданд.
Имрўз фонди сабтии Толори маводҳои мусаббат яке аз фондҳои нодири Китобҳонаи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро ин махзан дар баробари нигоҳ доштани маводи сабтии фарҳангӣ, барои китобдорон усули феҳристбандӣ ва тасвири библиографии маводи сабтиро дар амал нишон медиҳад. Маврид ба қайд аст, ки махзани сабти (грампластинкаҳо)-и Толори маводҳои мусаббат, ҳамчун фонди нодир ба донишҷўёни соҳаҳои китобдорию китобхонашиносии имрўзи ҷумҳурӣ барои дар амал нишон додани тасвири билиогарафии грампластинкаҳо дар замони Иттиҳоди Шуравӣ хеле муфид аст. Ҳамчунин, зарур аст, ки дискҳои мавҷудбудаи шуъбаи мазкур дар баробари як бахши таърихи соҳаи китобдорӣ дар асоси қолабҳои библиографии муосир ва ё ба истилоҳ аз рўи принсипҳои феҳристбандии маводҳои электронӣ, феҳристнигорӣ карда шаванд.
Ин ҷо суол ба миён меояд, ки барои ҳамқадами замони муосир будан ва хизматрасониро дар самти китобдорӣ мутобиқ ба ҷаҳони рақамӣ гардонидан чӣ корҳоеро анҷом додан лозим аст? Яке аз ин амрҳо дар баробари истифодаи маводи чопӣ (китоб, маҷалла, рўзнома ва к), инчунин, истифодаи сарчашмаҳои чопии электронӣ низ ба роҳ монда шавад. Кишварҳои мутараққие чун Ҷопон, Чин, Амрико, Русия ва ғайра дар баробари нашри маводи чопӣ дар қисмати даруни муқоваи маводи чопӣ намунаи электронии онро дар шакли диск ва ё сиди ҷой мекунанд ва ё суроғаи муайян барои пайдо намудани гузинаи электронии он оварда мешавад. Ин аз он далолат мекунад, ки китобхонаҳои электронӣ тараққӣ намуда, рўз то рўз махзанҳои электронии ин кишварҳо низ ғанӣ мегардад ва китобхонаҳои электронии соҳавӣ рў ба тараққӣ мениҳанд.
Аммо электроникунонӣ ва бунёди китобхонаҳои электронӣ, ҳанўз дар Тоҷикистон ба талабот ҷавобгў нест. Ба таври қиёсӣ китобдори Аврупо фаъолтар ва мудернтар аз истифодбарандаи он бошад, пас дар мо аксари хонандагон аз соҳибкитобон пешсафтар мебошанд. Яъне барои ҳамгом намудани китобхонаҳо ба талаботи замони муосир, китобдоронеро низ бояд тарбия намуд, ки аз технология навини соҳа бархўрдор бошанд.
Маводҳои машкук
Феълан дар китобхонаҳои Федератсияи Русия сарчашмаҳои электронӣ дар баробари ба воситаи интернет истифода гардидан, инчунин, дар дискҳо нигоҳдорӣ шуда, ҳамзамон феҳристбандӣ карда мешаванд. Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки олимон ва муҳаққиқони имрўза дар баробари маводи чопӣ, ба маводи чопии электронӣ низ таваҷҷуҳи хос доранд, вале аксари сарчашмаҳои электроние, ки имрўз аз шабаки интернетӣ дастрас карда мешаванд, ҳамчун манбаи боэътимоди илмӣ шинохта нашудаанд. Зеро маводи аз интернет дастрасшуда аз ҷониби ин ё он нафар ворид гардида, касе кафолат дода наметаваонад, ки он нусхаи таҳрирёфтаи ниҳоӣ аст ё на. Аз ин рў зарурат пеш омадааст, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопӣ ба як меъёри муайян нусхабардорӣ шуда, дар дискҳо сабт ва пешкаши хонандагон карда шаванд.
Бояд гуфт, ки тибқи дастури Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд китоб, маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопие, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» ба китобхона ворид карда мешаванд ва ё нусхаҳое, ки харидорӣ карда мешаванд, ҳатман нусхаи электронии онҳо низ ба китобхона ворид мешавад. Ин иқдом саривақтӣ буда, лозим аст ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи электронии воридгардида дар дискҳо сабт карда шавад ва барои нигоҳдорию истифода дар толорҳои электронии китобхона, тасвир ва феҳристбандӣ карда шаванд. Чунки бидуни сабт дар компак дискҳо нигоҳдории маводи электронӣ дар хотираи компютер кайриимкон аст.
Омӯзиши таҷрибаи пешрафтаҳо
Барои ғанӣ гардонидани сарчашмаҳои электронӣ зарур аст, ки аз таҷрибаи кишварҳои мутаррақӣ, хусусан Амрико ва Русия истифода бурда шавад. Имрўзҳо китобдорӣ ва китобшиносии давлатҳои мутараққӣ, хусусан Амрико ва Русия барои кишвари мо омўзанда аст. Зеро дар ин кишварҳо дар баробари дигар соҳаҳо фаъолияти китобдорӣ низ хеле рушду нумў кардааст. Дар мамлакатҳои мазкур фаъолияти китобдорӣ як меъёри мушаххасро соҳиб буда, тасвирҳои библиографӣ дар асоси маъёрҳо ба роҳ монда шудаанд.
Дар такя ба китобдории мамолики мутараққӣ имрўз феҳристнигории тоҷик низ дар асоси қолаби библиографии MARC 21 ба роҳ монда шудааст. Қолаби мазкур дар китобхонаҳои бузурги Амрико мавриди истифода қарор дорад. Дар китобхонаҳои Федератсияи Русия бошад, аслан аз қолаби библиографии RUS MARC истифода мебаранд. Бояд қайд намуд, ки феълан дар кишварҳои хориҷӣ аз қолабҳои гуногуни библиографӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар Британия Кабир — UKMARC, дар Канада — CANMARC, дар Австралия — AUSMARC истифода карда мешавад. Дар форматҳои библиографии мазкур формати тасвири сарчашмаҳои электронӣ низ ҷой дода шудааст.
Дар китобдории муосир кишварҳои мутаррақӣ ҳатто аз чанд қолаби библиографӣ низ истифода мебаранд. Масалан, дар Китобхонаи давлатии Русия аз формати библиографии MARC 21 истифода карда мешавад. Дар Китобхонаи миллии Русия бошад аз RUSMARC истифода мебаранд. Мавриди таъкид аст, ки UNIMARC қолаби библиографии байналмилалӣ буда, дар кишварҳои гуногун истифода бурда мешавад.
Дар интиҳо мехоҳам зикр намоям, ки ба роҳ мондани тасвири библиографӣ ва феҳристбандии сарчашмаҳои матнии электронӣ ва аудио-видеоӣ барои рушди китобдорӣ дар замони муосир хеле зарур аст. Аз ин рў мо кормандони соҳаро зарур аст, ки доир ба ин масъала бештар таваҷҷўҳ зоҳир намоем ва соҳаи худро рушду такомул диҳем. Зеро бузургон гуфтаанд:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
сардори Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ