Гулдўзиҳои тоҷикон дар солҳои 1900

Китоби «Нақшу нигори тоҷикони куҳистони Дарвоз (Куҳистони Бухоро)» (Орнамент горных таджиков Дарваза (нагорная Бухара)) маҳсули илмии олими рус, бостоншинос ва сиёсатмадори давлатӣ Бобринский Алексей Александрович буда, соли 1900 дар шаҳри Москав аз ҷониби «Чопхонаи дўстӣ И.Н.Кушнерев» ба нашр расидааст. Асари мазкур тасвири ҳаёти ҳунармандии тоҷикони куҳистони Дарвоз буда, муаллиф маълумотҳои пешниҳод намудаашро аз рўи қайдҳои сафари худ ба ин минтақа, ҳангоми гузаронидани экспедитсия дар соли 1898 ҷамъоварӣ намудааст. 
Китоб бо замбони русӣ, вале бо расмулхати крилии пеш аз инқилобӣ навишта шудааст ва он асосан дар ду мавзўъ баҳс намуда, дар бораи ҳунари гулдузӣ (кашидадўзӣ) ва бофандагӣ, аз ҷумла тарзи тайёр кардани намудҳои гуногуни пардаҳои ороишӣ ва тарзи бофтани ҷӯробҳо бо нақшу нигори мардумони ин минтақа, ки асосан ба ин шуғл занон машғул буданд, иттилоъ медиҳад.   
Китоб аз сарсухан ва ду бахш: «Гулдӯзиҳо» ва «Ҷӯроб»  таркиб ёфта, инчунин дар ин асар 20 расми калонҳаҷм, ки доир ба намудҳои гуногуни пардаҳои ороишӣ ва ҷӯробҳо дар бахшҳои зикршуда оварда мешавад. Рпасмҳоро муҳаққиқ П.Павлов таҳия кардааст. Ӯ низ дар ҳамин гуруҳ бо А.А. Бобринский будааст. Ин расмҳо метавонанд хонандаро ба умқи андешаҳо ва хаёлот баранд.
Сарсухани китоб бо муаррифии минтақаи куҳистони Дарвоз,  ки он вақтҳо (1900) ҳамчун қисми ҷануби шарқии аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт, шуруъ мешавад. Дар оғози китоб дар бораи мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим, табиат, таърих, ҳаёту фаъолият ва тасвири зоҳирии мардумони ин минтақа маълумот дода мешавад. Масалан, дар ҳамин қисмат муаллиф сохти зоҳирии мардумони ин минтақаро васф карда, менависад, ки мардумонаш қомати миёна ва бештар қоматбаланданд, қаду басти лоғар, сермушак, дароз, пойҳои бақувват, панҷаҳои дасташон хурд, дарозрӯйи сабзина, бинии дарози сабук, чашмонашон сиёҳ ва ё симобиранг, мўяшон қаҳваранг, сиёҳ, баъзан зардинамўй ва малламуй буда, рўяшо нисбатан сермўй аст. 
Мавзўи аввали ин асар «Гулдузиҳо» ном гирифта, дар бораи намудҳои гуногунӣ гулдўзиҳои абрешимӣ, ки дар матои ресмонӣ нақшу нигор ёфтаанд, маълумот медиҳад. Гулдўзӣ яке аз амалҳои зебу зинат додан ва  урфу одати занона буда, барои ороиши пардаҳои дару тирезаҳо, омода намудани пироҳанҳои духтарона ва намудҳои гуногуни сачоқҳо, истифода мебаранд.
Дар мавзўи дигари ин китоб ба таври мухтасар оид ба намудҳои гуногуни ҷӯробҳои дастбофт (ҷӯроби дарози пашмин), ки яке аз лавозимоти истеҳсолии дастии худи бошандагони ин минтақа аст, тарзи таёр намудан ва таърихи он  сухан меравад.
Хонандаи азиз! Шумо агар муҳаққиқед ва ё донишҷў хоҳиши ошноӣ пайдо кардан бо санъати истеҳсолӣ ва ҳунари дастии тоҷикони минтақаи баландкуҳи Дарвозро дошта бошед, метавонед ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ муроҷиат намоед.
Ин китоб таҳти рақами 78/26695 дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.

Сайзароб Надиров,
мутахссиси
Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ