Мелвил Дюи асосгузори ҷадвали «Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ»

Блисс Ҳенри, аввалин китобдори амрикоӣ дар бораи Дюи гуфтааст, ки "зеҳни саршор аз андешаҳои рӯъёӣ дошт, рӯъёҳое, ки ба андеша ва андешаҳое, ки ба воқеият табдил шуданд". Ба гуфтаи китобдори дигари амрикоӣ Меткалф, ҳирфаи китобдорӣ мадюни Дюи аст. Вай афзудааст, "модоме ки анҷумани китобдорӣ, мактабҳои китобдорӣ, маҷаллаи тахассусӣ ва низоми раддабандӣ дорем, дар ҳақиқат ин ҳама дастовардҳои Мелвилл Дюиянд".

Мелвил Луис Дюи 10 сентябри соли 1851 дар Адамс Сентри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар оилаи мӯзадӯз ба дунё омадаааст. Падараш Ҷоэл илова бар пешаи мӯзадӯзӣ шуғлҳои дигаре низ дошт. Дюи таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш ба поён расондааст. Вай, ки аз рӯзҳои аввали зиндагияш ба мутолеаву ёдгирии чизҳои нав шавқу рағбати зиёд дошт, барои омӯзиши худу дигарон аҳамият қоил буд.

Мелвил Дюи дар синни 17-солагӣ ба шаҳодатномаи омӯзгорӣ ноил шуда, муддати кутоҳе ба тадрис машғул мешавад. Вале ӯ соли 1870 ба Колеҷи Амҳерсти аёлати Массачусетси ИМА дохил гардида, дар соли севуми таҳсилаш дар китобхонаи колеҷ ба кор медарояд ва баъди хатми таҳсил дар соли 1984 кори худро дар он ҷо нахуст ба ҳайси ёвари китобдор ва баъдан ба унвони китобдор идома медиҳад. Вай аз ҳамон лаҳзаҳои аввали кориаш дар фикри таъсиси шакли муносибтари низоми ҷобаҷогузории китобҳо мешавад. Ӯ тасмим мегирад, ки вазъи ҷобаҷогузории китобҳоро дар Ню-Йорк ва минтақаи Ню Енглендро баррасӣ кунад. Сарф шудани вақту заҳамати зиёд ба ҷобаҷогузории китобҳо ӯро ба ҳайрат меорад. Аз ин рӯ, Дюи тасмим мегирад, то низоми наву соддаеро таъсис диҳад, ки корбурди ҷаҳонии он низ имкон дошта бошад.

Мелвилл Дюи пеш аз синни 22-солагиаш, замоне ки ӯ ҳанӯз таҳсилро ба поён нарасонида буд, пешнависи тарҳи таснифоти даҳгонаи унверсалиро таҳия кард. Ин тарҳ нахуст дар Колеҷи Амҳерст истифода шуда, баъдан соли 1876 бо номи «Тарҳи раддабандӣ ва намуна барои феҳристнависӣ ва танзими китобҳо дар китобхона» дар ҳаҷми 42 саҳифа нашр шуд.

Ин донишманди ҷавони ташнаи илму дониш моҳи апрели соли 1876 ба шаҳри Бостон рафта, фаъолияти китобдорияшро густариш медиҳад. Худи ҳамон сол чанд бунёди муҳими дигари китобдорӣ ба воситаи Дюи таъсис меёбад, ки ӯро ба як чеҳраи барҷастаи дунёи китобдорӣ табдил медиҳад. Вай сарпарасти аслии ҳамоиши китобдорон дар Филоделфия ба шумор рафта,  анҷумани китобдорон дар ИМА, "Маҷаллаи китобдорӣ" ва Дафтари умури китобдорӣ ба раҳбарӣ ва ибтикори ӯ таъсис ёфтаанд. Дюи дар ташкили Анҷумани китобдорони Амрико нақши асосиро ба зимма гирифта, бо кӯмаки "Маҷаллаи китобдорӣ" ба навсозии соҳаи китобдорӣ пардохт.

Дюи 26 – уми октябри соли 1878 бо Энни Годфрей издивоҷ карда, дар соли 1887 нахустин фарзанди онҳо Годфрей Дюи ба дунё меояд, ки ӯ низ ба хотири ҳамкорияш бо таснифоти даҳгонаи универсалӣ дар соҳаи китобдорӣ шуҳрат дорад.

Яке аз орзуҳои дерини Дюи мактаби китобдорӣ буд. Шавқу рағбаташ ӯро водор месозанд, то дар Колеҷи Каломбия мактаби китобдориро таъсис диҳад. Ҳарчанд Колеҷи Каломбия ба зарурати мактаби китобдорӣ шак дошт, вале дар пайи талошҳои сарсахттонаи Дюи ҳайати колеҷ саранҷом дар соли 1884 қарори таъсиси ин гуна мактабро дар назди ин таълимгоҳ қабул мекунанд ва он расман соли 1887 ифтитоҳ мешавад. Ба ин тартиб орзуи деринаи ӯ ҷомаи амал пӯшида, бо шавқи тамом ба тарбияи донишҷӯён мепардозад. Таъсиси ин мактаб касби китобдориро дар Амрико дигаргун ва ба қавле, ба пайдоиши ин касб дар он ҷо сабаб шуд. Солҳои фаъолияти Дюи дар колеҷи Каломбия давраи бисёр созандае дар зиндагии ӯ ба ҳисоб меравад.

Баъзеи фаъолиятҳои ӯ, бахусус гирдоварии маҷмуаҳои пароканда аз бахшҳои гуногуни колеҷ ва тамаркузи онҳо дар китобхонаи марказӣ алорағми мухолифатҳои устодон, вазъи муқаррароти сангини истифодаи китобхона, пазириши донишҷӯдухтарон ба рағми мухталит набудани низоми колеҷ ва эътироф накардани суннатҳои пазируфташудаи колеҷ дар равобити ӯ бо ҳайати колеҷ мушкилеро ба миён оварда, боиси ба истеъфо рафтани ӯ дар соли 1889 шуд.

Дюи баъди истеъфои худ аз Колеҷи Каломбия мактабашро ба Албанияи Ню-Йорк кӯчонд ва он бо номи Мактаби китобдории аёлати Ню-Йорк машҳур шуд. Илова ба корҳои мактаб, сарпарастии Китобхонаи аёлатӣ низ ба зиммаи ӯ гузошта шуд. Китобхонаи мазкур зери раҳбарии Дюи рушд карда, ба пешрафтҳои назаррасе ноил ва дар соли 1903 ба чаҳорумин китобхонаи бузурги ИМА табдил шуд. Мактаби Дюи китобдорони зиёдеро тарбият кардааст, ки таъсири қобили мулоҳизаашон дар ин соҳа эҳсос мешавад. Ва барномаи дарсии он то ҳол барномаи намунавӣ аст. Бархе аз шогирдони ӯ ба шаҳру аёлатҳои дигар сафар ва мактабҳои вижаи китобдории худро, аз ҷумла дар Донишкадаи технологии Дрексели Филоделфия, Перти Бруклин ва Чикаго таъсис додаанд.

Дюи соли 1890 ва бори дувум соли 1892 раҳбари Анҷумани китобдорони Амрико интихоб шудааст. Дар иҷрои умури он лаёқату корнамоиҳои зиёде нишон дод, ки унвони раҳбарии ҳирфаи китобдории Амрико насибаш гардид. Ҳамин тариқ фаъолияти Дюи дар Албанияи Ню-Йорк то соли 1905 идома ёфт. Вай соли 1905 ба минтақаи Лейк Пласиди Ню-Йорк кӯч баста, фаъолияти худро дар бошгоҳи он ҷо, ки қаблан барои пешрафти таълиму тарбия таъсис ёфта буд, пеш бурд. Дар пайи омадани Дюи фаъолияти бошгоҳ густариш ёфт ва худи ӯ онро "донишгоҳе дар қалби табиат" васф мекард. Вай тамоми диққату таваҷҷуҳашро ба рушду пешрафти ин бошгоҳ равона сохта, боқии умрашро он ҷо гузарондааст.

Мелвилл Дюи 26 сентябри соли 1931 бар асари хунрезии мағзӣ даргузашт ва ҷасадашро оташ зада, хокистари онро ба оромгоҳи абадияш, дар калисои Лейк Плосиди Ню-Йорк фиристоданд.

Дюи бидуни шак машҳуртарин ном дар соҳаи китобдории Амрикост. Шояд ягона сабаби ин шуҳрати ӯ истифодаи ҷаҳонии низоми нави раддабандие бошад, ки ӯ ихтироъ кардааст. Аммо бояд гуфт, ки он чи вайро ба як китобдори бузург табдил дод, танҳо тарҳи раддабандие набуд, балки ӯ ба ҳамаи ҳирфаи китобдорӣ тааллуқ дошт. Вай бо ҳирфаи китобдорӣ дар конуни воқеии он, дар пуршууртарин, ҷиддитарин, хушбинонатарин ва пӯётарин давраи он рӯбарӯ шуд ва онро дигаргун сохт.

Фремонт Райдер, саргузаштнигори Дюи ӯро нобиғаи саршор аз нерӯ, андешаманди хастанопазир тавсиф кардааст. Вай хотирнишон кардааст, ки дастоварди асосии муборизаи 60-солаи Дюи ин буд, ки китобдориро на танҳо ба манзалаи як касб, балки ба манзалаи як илм ривоҷ диҳад.

Блисс Ҳенри, аввалин китобдори амрикоӣ дар бораи Дюи гуфтааст, ки "зеҳни саршор аз андешаҳои рӯъёӣ дошт, рӯъёҳое, ки ба андеша ва андешаҳое, ки ба воқеият табдил шуданд". Ба гуфтаи китобдори дигари амрикоӣ Меткалф, ҳирфаи китобдорӣ мадюни Дюи аст. Вай афзудааст, "модоме ки анҷумани китобдорӣ, мактабҳои китобдорӣ, маҷаллаи тахассусӣ ва низоми раддабандӣ дорем, дар ҳақиқат ин ҳама дастовардҳои Мелвилл Дюиянд".

Дар бораи яке аз навиштаҳои Мелвилл Дюи, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад, дар наздиктарин фурсат ҳикоят хоҳем кард.

Бо истифода аз маводҳои
шабакаи ҷаҳонии Интернет
таҳияи Азизахон Баротова,
сармутахассиси
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ