Олиме, ки дар таблиғи адабиёти форсу тоҷик заҳматҳои фаровон кашидааст. Талош кардааст абармардони ин адабиёт ба мардуми рус ва халқҳои дигари русзабон ошно бошанд.
Дар бораи Рӯдакӣ ҳам навиштаву дар бораи Сино низ, аз Лоҳутӣ номаҳо дарёфт карду посухҳо навишт. Хулоса кӯшид то хидмате дар шарқшиносии рус карда бошад.
Занд Михаэл соли 1927 дар Каменетск-Подолск таваллуд шудааст, олими яҳудӣ - адабиётшинос,
Маҷаллаи “Абитуриент”, ки нашрияи маълумотӣ барои довталабон ба курсии донишҷӯӣ мебошад, ахиран ду мақоларо аз Китобхонаи миллӣ ҳам интишор додаву Китобхонаро барои кулли хонандагону ҳаводоронаш муаррифӣ кардааст.
Мақолаи аввал “Китобхонаи милии Тоҷикистон-раҳнамо ба олами маърифат” ном дорад ва он мансуб ба қалами Директори муассиса, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода аст.
Директори китобхона ба таври мухтасар аз таърихи бунёди ин боргоҳи маърифат ва роҳи панҷсолаи он ҳикоят кардааст. Гуфта шудааст, ки “хишти аввалини биноро 4-уми сентябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллаӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд ва ниҳоят соли 2012 дар арафаи Наврӯзи...