Асари мазкур қимати баланди илмӣ дошта, асосан дар се мавзўъ: «Ривоятҳои таърихӣ», «Боқимондаҳои пешинаи сохти ҷамъиятӣ» ва «Урфу одат, расму таомул ва эътиқод» баҳс мекунад. Дар қисмати охири ин китоб ҷадвале мавҷуд аст, ки номҳои ҳамонвақтаи деҳаҳои ноҳияҳои Ишкошиму Вахон оварда мешаванд. Инчунин, муаллифони асар барои исботи ақидаҳои хеш расмҳоеро овардаанд, ки ҳаёту фаъолият, тарзи зиндагонӣ ва сарулибоси мардумони ин минтақаро инъикос мекунанд.
Чуноне, ки аз таърих ва таҳлилҳои илмӣ – омўзишии маводҳои таърихи ба мо маълум мегардад, охирҳои солҳои 1800 ва аввали солҳои 1900 – ум саросари қаламрави Тоҷикистони имрӯзаро гуруҳои омўзиши экспедитсионӣ дар мавзўҳои гуногун фаро гирифта буд. Натиҷаи ин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар шакли маҷмуаҳо ва нашрияҳои алоҳида ба нашр мерасиданд. Бояд қайд кард, ки асарҳои экспедитсионӣ ҳамчун ҳисоботи илмӣ, нашр мегарданд. Иттилооти дар ин асарҳо интишоршуда дар лабараторияи илмӣ мавриди омўзиш қорор гирифта, дар амалия татбиқ гаштаанд, ки барои олимону тадқиқотчиён ва кормандони соҳаи илму ихлосмандон ҳамчун сарчашмаи боэътимоди илмӣ метавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
Яке аз чунин маҷмуаҳои экспедитсионӣ зери унвони «Мақолаҳои этнографӣ дар бораи қабилаҳои эронии Осиёи Миёна: Ишкошим ва Вахон» мебошад, ки соли 1911 дар шаҳри Петербург аз ҷониби Андреев М.С. ва Половоцов А.А. аз чоп баромад. Асари мазкур қайдҳои сафари муаллифон буда, матни китоб бо хати крилии пеш аз инқилобӣ навишта шудааст.
Асари мазкур қимати баланди илмӣ дошта, асосан дар се мавзўъ: «Ривоятҳои таърихӣ», «Боқимондаҳои пешинаи сохти ҷамъиятӣ» ва «Урфу одат, расму таомул ва эътиқод» баҳс мекунад. Дар қисмати охири ин китоб ҷадвале мавҷуд аст, ки номҳои ҳамонвақтаи деҳаҳои ноҳияҳои Ишкошиму Вахон оварда мешаванд. Инчунин, муаллифони асар барои исботи ақидаҳои хеш расмҳоеро овардаанд, ки ҳаёту фаъолият, тарзи зиндагонӣ ва сарулибоси мардумони ин минтақаро инъикос мекунанд.
Дар китоб шарҳи зиндагии мардуми куҳистони Ишкошим ва Вахон оварда мешавад. Ин асари экпедитсионӣ дар асоси қайдҳои сафари омўзишии муаллифон, ки соли 1901 аз ин минтақаҳо дидан кардаанд, таҳия шудааст.
Муаллифон дар боби авали асар «Ривоятҳои таърихӣ» доир ба таърих, ҳокимони Ишкошиму Вахон, ривоятҳои мифологии минтақа маълумот дода, феҳристи махсуси салтанати ҳокимони Бадахшон оварда шудааст.
Ғайр аз ин, асари мазкур дар бобҳои дигар ба хонанда имкон медиҳад, ки бо урфу одат ва расму таомул: дар бораи таваллуди тифл, тауйю маросимҳо, оила, эътиқоди хешутаборӣ, хоҷагидорӣ, кишоварзӣ, идҳо, бозиҳои маҳалӣ, бемориҳо ва табобати онҳо бо усули табобати халқӣ, санъати ҳунармандиву тиҷоратии сокинони ин маҳал ошноӣ пайдо кунад.
Зикр ба маврид аст, ки агар экспедитсияҳои этнографӣ доир ба омўзиши минтақаҳои Тоҷикистон аз охири асри 19 ва аввали асри 20 оғоз ёфта башад ҳам, аммо қаблан дар асарҳои мутафаккирон ва адибони тоҷик Абубакри Наршахӣ («Таърихи Бухоро»), Абулқосими Фирдавсӣ («Шоҳнома»), Носири Хусрав («Сафарнома»), Умари Хаём («Наврўзнома»), Садриддин Айнӣ («Ёдоштҳо») ва дигарон маълумотҳои этнографӣ доир ба маданияти моддӣ иқоматгоҳ, сару либос, хўрок, муносибатҳои оилавӣ, урфу одат, идҳои халқӣ (Меҳргон, Сада, Наврўз) ва ғайра хеле зиёд маълумот дода шудааст.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон, татқиқотчиён, унвонҷўёни соҳаи мардумшиносӣ, таърих, фолклор ва ғайра расонида мешавад, ки асари «Мақолаҳои этнографӣ дар бораи қабилаҳои иронии Осиёи Миёна: Ишкошим ва Вахон» айни замон танҳо як нусха дар фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери рақами 161454 нигоҳдорӣ мешавад. Шумо метавонед барои ошноӣ пайдо кардан бо ин асар ва ё истифода дар корҳои илмӣ ба Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Сайзароб Надиров,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ