Activities calendar

07 октября 2017

Манфред Лоренс: Олмоние, ки Тоҷикистон барояш азиз буд

25-уми майи соли 2017 дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Берлини Олмон профессор Манфред Лоренс аз олам даргузашт. Шахсе ҳузури физикии худро дар олам қатъ кард, ки бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дошт ва миллати мо ва сарзамини моро чун ватанаш дӯст медошт. Вай бо забони форсӣ аз тариқи шоири эронӣ Бузурги Алавӣ, ки дар Донишгоҳи Берлин дарс мегуфт, ошно шуд.