Манфред Лоренс: Олмоние, ки Тоҷикистон барояш азиз буд
25-уми майи соли 2017 дар бемористоне воқеъ дар шаҳри Берлини Олмон профессор Манфред Лоренс аз олам даргузашт. Шахсе ҳузури физикии худро дар олам қатъ кард, ки бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дошт ва миллати мо ва сарзамини моро чун ватанаш дӯст медошт. Вай бо забони форсӣ аз тариқи шоири эронӣ Бузурги Алавӣ, ки дар Донишгоҳи Берлин дарс мегуфт, ошно шуд. Вале орзуи дидани сарзамини форснишин ва омӯзиши ин забон барояш дар Тоҷикистон муяссар шуд. Манфред Лоренс дар Тоҷикистон рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кард ва устодаш дар ин ҷода профессор Додоҷон Тоҷиев буд. Ҳамзамон бо ин бо ҳаёти мардуми тоҷик аз наздик ошно шуд. Ва шояд ҳеч шарқшиносе ба мисли профессор Лоренс тоҷиконро аз наздик намедонист. Вай буд, ки ҳатто бо донишҷӯён сари заминҳои пахта рафт ва пахта чид, нони донишҷӯӣ тановул кард, шиштухести тоҷиконаро омӯхт. Ва имрӯз чандин тане аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи кишвар мегӯянд дар Олмон бо доктор Лоренс на ин ки вохӯрдаанд, балки меҳмони хонаи ӯ низ шудаанд.
Дардову дареғо, ки чунин як қалбе, ки барои Тоҷикистон ҳам метапид, аз задан бозмонд ва агар зинда мебуд, имрӯз, 7-уми октябри соли 2017 ба синни мубораки 88 медаромад, яъне ду сол баъд 90-сола мешуд.
Манфред Лоренс 7 – уми октябри соли 1929 дар шаҳри Нойштадт Орлан дар оилаи хизматчии хурд ба дунё омадааст. Шарқшинос-тоҷикшиноси олмонӣ, доктори илмҳои филология ва фалсафа. Соли 1954 факултети шарқшиносии Донишгоҳи ба номи Ҳумболдти Берлинро хатм кардааст. Соли 1957 барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон омада, зери роҳбарии профессор Додоҷон Тоҷиев дар мавзўи «Омўзиши муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ” рисолаи номзадӣ навишт. Лоренс забонҳои зиёди ғарбию шарқӣ (форсию тоҷикӣ, туркӣ, пушту, осетинӣ ва ғ.)-ро медонист ва дар донишгоҳи Берлин аз забон ва адабиёти Шарқ дарс мегуфт.
Бисёр осори адабиёти гузашта ва имрўзаи тоҷикро ба олмонӣ тарҷума кардааст. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти адабии нависандагони тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар ва дигарон асарҳои илмӣ ва илмии оммавӣ дорад.
Лоренс бо олимон ва нависандагони тоҷик робитаи дўстӣ дошт ва зуд-зуд ба Тоҷикистон меомад. Моҳи апрели соли 1978 Лоренс ҷашни 100-солагии Рўзи таваллуди устод Айнӣ бо маърўза иштирок кард. Бо ташаббуси Лоренс ба муносибати 100-солагии Айнӣ дар Донишгоҳи Берлин сесияи илмӣ баргузор шуд, ки Президенти АФ РСС Тоҷикистон М. С. Осимӣ дар он иштирок ва маърўза кард.
Дар ҷаласаи ҷашни бузургдошти 575-умин солгарди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ меҳмони мо буд. Лоренс аъзои фаъоли Ҷамъияти дўстии ҶДО-СССР буда, ба ҳар васила дўстии халқҳои ҳар ду мамлакатро тарғиб мекард. Дар рузномаю маҷаллаҳои Олмон доир ба Тоҷикистон мақолаҳо чоп карда, ба воситаи радио баромад мекард.
Миёни Манфред Лоренс ва рўшанфикрони тоҷик, хоса – академикҳои АУ ҷумҳурӣ шодравонҳо Баҳоваддинов С. , Раҷабов З. Раҷабов, профессорон Д. Тоҷиев, Ш. Ҳусейнзода, адибону адабиётшиносони шинохта С. Улуғзода, М. Шукуров, Р.Амонов, докторҳои илми таърих ва филологӣ А. Мухторов, М. Бобохонов, В. Асрорӣ Р. Додхудоев ва бисёр дигарон пайванди дўстиву рафоқат ногусастанӣ барқарор буд. Бесабаб вай Тоҷикистонро ватани дувуми хеш ва мардуми онро хешу ақрабо намедонист. Манфред Лоренс муҳақиқи борикбини забону адабиёти форсу тоҷик ва чандин забонҳои дигар: русӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, курдӣ, пашту, дарӣ, санскрит, арабӣ, осетинӣ буд. Дар умум вай 16 забонро ба хубӣ медонист ва доир ба аксарияти онон таълифоти илмию тадқиқотӣ, васоиту дастурҳои таълимӣ навиштааст. Муҳақиқ, дар ришта тоҷикшиносӣ бештар дар мавриди граматика ва забоншиносӣ тадқиқотҳои муҳими илмӣ мекард.
Соли 1989 устод Манфред Лоренс доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин интихоб шуда буд.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – 1983. – Ҷ. 4. – С. 55.
Муаллиф: М. Бобохонов ва Садои Шарқ. – 1992. – № 2. – С. 115-122.
Дар Китобхонаи миллӣ аз профессор Манфред Лоренс ва дар бораи ӯ метавонед ин асарҳоро суроғ кунед:
В Таджикистане я всегда был своим: Профессор берлинского университета им Гумбольда учёный востоковед ASIA-Plus . – 2001. – 27
Дар борааш
Бобохонов, М. Шодипур, Ю. Ховаршинос М. Лоренс. – Душанбе:Шарқи озод, 2001. – 124 с.
Бобоҷонов, М., Бозоров, Ю. Тоҷикшинос Лоренс: Доктори илмҳои филология ва фалсафа, доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин М. Лоренс (аз университети Берлин) //Омўзгор. – 1989. – 30 октябр.
Қосим, Н. Форсӣ гўйӣ, дарӣ гӯйӣ варо...: Соате чанд дар сўҳбати олими олмонӣ Манфред Лоренс // Адабиёт ва санъат. – 1990. - 18 январ.
Бобохонов, М., Шодипур, Ю. Бани одам аъзои якдигаранд: Оиди ховаршиноси Олмон- Манфред Лоренс // Садои Шарқ. – 1992 . – №2. – С. 115-122.
Акрамӣ, З., Шодипур, Ю. Мансур Бобохонов ва Манфред Лоренс ду олиме, ки равобити илмии кишварҳояшонро тақвият бахшиданд // Ҷумҳурият. – 2016. – 29 август.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ