Саду ҳафт соли Мирсаид Миршакар
Ҳар шахсияти адабӣ шарофату хосияте дорад ва дар ҳамин замина дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа мемонад. Масалан: ҳамин ки қадами Боқӣ Раҳимзода ба Иттифоқи нависандагон мерасид, дар як лаҳза деги ҳазлу шӯхӣ ба ҷӯш меомад. Бо муаллим Мирсаид Миршакар рӯ ба рӯ меомадед, ҳатман мепурсид: "Ягон асари нав навишта истодаӣ ё не?".
- Ҳо, кам-кам ҷумбуҷӯл дорем, - посух медодем.
- Асари нағз бо ҷумбуҷӯли кам-кам рӯи коғаз намеояд, - бо шакарханд мегуфт муаллим.
- Темаат чист? Дар бораи имрӯз навис. Гузаштаро устод Айниву Ҷалолхон хуб тагурӯ карданд… Баъд дастхатро биёр, ки ман хонам…
Абдулҳамид Самад
Ба таваллуди Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз пурхонандатарин адибони тоҷики замони Шӯравӣ Мирсаид Миршакар 107 сол пур шуд. Аз марги шоири маъруф 26 сол мегузарад. Мирсаид Миршакар барҳақ яке аз шаҳсутунҳои адабиёти тоҷики замони Шӯравӣ буд, ки бо шеъру достонҳои мондагораш ҳамоно шуҳрат дорад. Аз ҷумла маъруфтарин достонсароёни замони худ буд
МИРСАИД МИРШАКАР 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Аввал дар мактаби ибтидоии деҳа, сипас дар мактаб-интернати Хоруғ маълумот гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Соли 1932 дар ҳайати бригадаи комсомолони фаъол ба сохтмони Вахш сафарбар шуда, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Сипас котиби Кумитаи комсомоли сохтмон интихоб шудааст, ки достони шарҳиҳолии «Ливои Зафар» (1934) маҳсули ҳамин давраи ҳаёту эҷодиёти ӯст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ходими сиёсӣ, баъдан сардори кумитаи репертуари Раёсати санъат, ҷонишини мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти КМ ПК Тоҷикистон будааст.
Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст.
Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст.
Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст.
«Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст.
Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) ва ғайра дастрас ва мақбули умум гардидаанд.
Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шуҳраташро сазовор гардонидаанд.
Соли 1964 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1972 шоистаи Мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.
Шоири халқии Тоҷикистон.
Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, узви КМ ПК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Бо ду ордени Ленин, ордени «Инқилоби Октябр», ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Дӯстии халқҳо», ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1993 аз олам даргузашт.
Манбаъ: сомонаи Иттифоқи нависандагон
Аз Мирсаид Миршакар ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Бобо ва наберааш. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1941. – 10 с.
Бозии ҳарбӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1946. – 15 с.
Алифбои зинда. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1948. – 32 с.
Иқбол: Шеърҳо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1958. – 86 с.
Барои Тоҷикистон: Шеърҳо, таронаҳо, чистонҳо ва достонҳо барои бачагони сини мактабӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1959. – 211 с.
Достонҳо. – Душанбе: Нашриёти давлатии тоҷик, 1962. – 225 с.
Ишқи духтари кўҳсор: Достон. – Душанбе: Нашриёти давлатии тоҷик, 1962. – 44 с.
Бачагони Ҳиндустон: Барои бачагони сини мактабӣ. – Душанбе, 1963. – 33 с.
Айёми ҷавонӣ: Қисса. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 109 с.
Куллиёт. – Душанбе: Ирфон, 1970 – 1973. – 383 с.
Зери осмони кабуд. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 32с.
Аз ҳама ширин: Шеърҳо, достонҳо . – Душанбе: Маориф, 1976. – 128 с.
Ман калон мешавам. – Душанбе: Маориф, 1977. – 30 с.
Варақҳои муҳаббат: Достонҳо ва шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 19 с.
Исёни хирад: Достонҳо ва шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 80 с.
Асарҳои мунтахаб: Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 495 с.
Шодӣ кунед бачагон: Шеърҳо барои бачагони сини мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1985. – 16 с.
Муаллими ишқ: Маҷмуи песаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 496 с.
Ғунчаҳои хандон: Шеър ва достонҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 368 с.
Дар борааш
Абдулоев, К. Шоҳини шоҳи Тирандоз: Ҳайёт ва фаъолияти устод Мирсаид Миршакар // Чархи гардун. – 2005. – 16 сентябр.
Азизова, Г.Маҳбуби дилҳои кўдакон: Бахшида ба 105 – солагии зодрўзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар // Баҳори Аҷам. – 2017. – 8 май.
Ба ёдаш зиндаам: Ба муносибати 105 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 4 май.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.