Коммунисти лаҳистонӣ ва марде, ки дар бораи Тоҷикистон як романи машҳури худро бахшид. Дӯстии хубе бо устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дошт. Аз ҷумлаи қурбониёни соли 1937 ва ба ҷурми сохтаву бофтаи фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ қатл шудааст.
Бруно Ясенский 17.7.1901 дар мавзеи Климонтови уезди Сандомир дар хонаводаи пизишк ба дунё омадааст. Нависандаи лаҳистонӣ ва рус. Соли 1922 донишгоҳи Краковро хатм кардааст.
Асарҳояш аз соли 1918 чоп шудаанд. Мунаққидони буржуазӣ ба ў «болшевики назми Лаҳистон» лақаб додаанд. Соли 1924 муҳаррири адабии рӯзномаи коммунистии «Минбари коргар» (Лвов) буд. Мақолаҳои Ленин, шеърҳои Маяковскийро ба забони лаҳистонӣ тарҷума мекард.
Соли 1925 ба Фаронса ҳиҷрат карда, узви Ҳизби Коммунистии ин кишвар шуд ва роҳи инқилоб ва таҳаввулотро пеш гирифт. Соли 1928 дар ҷавоби памфлети нависандаи франсавӣ П. Морон «Ман Москваро оташ мезанам» роман-памфлети фантастикии «Ман Парижро оташ мезанам»-ро навишт. Пас аз нашри роман дар нашрияи «Юманите» аз Фаронса ронда шуд.
Аз соли 1929 дар СССР зизтааст. Котиби Иттиҳодияи байналхалқии нависандагони коргар, муҳаррири маҷаллаи «Маданияти омма», солҳои 1931-32 муҳаррири маҷаллаи «Летература мировой революции» («Адабиёти инқилоби умумиҷаҳонӣ») буд.
Аз соли 1930 ба забони русӣ эҷод кардааст. Солҳои 30 пйесаи ҳаҷвии «Базми хўсаҳо», якчанд новелла, повести ҳаҷвии «Бинӣ»-ро 1936, романи «Сӯиқасди фориғболон»-ро солҳои 1936-37 навишт. Аммо ин роман нотамом мондааст.
Ба Тоҷикистон ду маротиба (солҳои 1930-1931) сафар кардааст. Ва ҳосили ин сафарҳо чопиромани “Дам пӯсташро дигар мекунад” аст, ки солҳои 1932-1933 дар ду ҷилд чоп шудааст.
Дар эҷодиёти Ясенский романи «Одам пӯсти худро дигар мекунад» (тарҷумаи тоҷикии он солҳои 1936-1937) мавқеъи ҷудогона дорад. Дар он азнавсозиҳои сотсиалистии Тоҷикистон ва муборизаи синфӣ, фатҳи заминҳои ташналаби водии Вахш тасвир шудаанд.
Ясенский бо устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ (ҳангоми кор дар Иттифоқи нависандагони СССР) шинос шуда буд. Мирсаид Миршакар прототипи персонажи романи ў Карим Насриддинов мебошад.
Ғанӣ Абдулло драмаи «Водии бахт»-ро дар таъсири романи Ясенский офаридааст.
Дар бораи фарҷоми зиндагии адиби маъруфт маълумотҳо зиддунақизанд. Муаллифи мақола дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” Соҳиб Табаров навишта, ки вай 20 октябри соли 1941 дар губернияи Радом, дар қаламрави Лаҳистони имрӯза вафот кардааст. Вале дар асл чунин нест. Бино ба таҳқиқи созмони Мемориал 31-уми июли соли 1937 боздошт ва 17-уми сентябри соли 1938 ба ҷурми амалҳои зиддиинқилобӣ парронда шуд. Тобистони соли 1937 аввал ӯро аз ҳама вазифаҳо озод карданд, аз узвияти Иттиҳоди нависандагон хориҷ намуданд ва соле баъди боздошташ ба қатл расонданд.
24-уми декабри соли 1955 сафед карда шуд.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С.237.
Муаллиф Соҳиб Табаров.
Аз Бруно Ясенский метавонед дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро бихонед:
Осор
Ясенский, Б. Одам пӯсти худро иваз мекунад. – Сталинобод: НДТ, 1959. – 695 с.
Ясенский, Б. Человек меняет кожу: Роман. – Л: Лениздат, 1980. – 528 с.
Маъмур, С. Ясенский, Б. Шеър: // С. Маъмур Рози дарё. – Душанбе, 1977. – С. 74-75
Ясенский, Б. Лоҳутии азиз! // Барои адабиёти сотсиалистӣ, 1933. – №5-6. – С.21.
Нависандаҳои байналхалқӣ аз хусуси Тоҷикистон: Мусоҳиба бо нависанда Б. Ясенкий // Тоҷикистони сурх. – 1933. – 6 июн.
Ясенский, Б. Пйеса дар бораи Вахшстрой // Тоҷикистони сурх. – 1934. – 11 май.
Ясенский, Б. Падар ва писар: Бобе аз романи «Одам пӯст худро иваз мекунад» // Тоҷикистон. – 1956. – №10. – С.22.
Абдулло, Ғ. Дўстони поляк // Тоҷикистони советӣ. – 1964. – 26 май.
Шафер, Н. Сафсата ё, ки ҳақиқати зиндагӣ?: Дар бораи китоби Б. Ясенкий // Шарқи сурх. – 1964. – №2. – С. 151-157.
Аминов, А. Инсондўст: Ба 80-солагии Бруно, Ясенкий // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 19 июл.
Баротова, Р. Ҳамсафари сарзамини офтобӣ: Ба муносибати 85-солагии зодрўзи Бруно Ясенкий нависандаи поляк, ки романи вай «Одам пӯсташро дигар мекунад» дар мавзўи дигаргуниҳои бузурги сотсиалистии Тоҷикистон иншо шудааст // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 3 июл.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ