Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо, яъне чӣ?

Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо (лот. dissipation – пароканиш), пароканиши атмосфераи сайёраҳо дар фазои Кайҳон. Механизми асосии диссипатсияи атмосфераи сайёраро ҳаракати ҳароратии молекулаҳо ташкил медиҳад, яъне ҳангоми ба суръати буҳронӣ (суръати дуюми кайҳонӣ) соҳиб шудан молекулаҳои қабатҳои берунии атмосфера (экзосфера) майдони ҷозибаи сайёраро бартараф ва онро тарк мекунанд.

Суръати миёнаи ҳаракати молекулаҳои газ ба ҳарорат вобаста бошад ҳам, вале суръати молекулаҳои алоҳида ба бархўрд ва интиқоли байниҳамдигарии энергияи онҳо вобаста аст. Атмосфераи сайёра устувор ҳисоб меёбад, агар суръати миёнаи молекулаҳои он аз 0,2 суръати буҳронӣ зиёд набошад. Ҳангоми ба 0,25 суръати буҳронӣ зиёд шудани суръат атмосфера дар давоми 50000 сол ва ҳангоми баробари 0,33 будани он дар давоми якчанд ҳафта пароканда мешавад.

Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо барои сайёраҳо мақоми хосса дорад, зеро талафи атмосфера боиси тағйирёбии иқлим, пастшавии ҳодисаи гармхонаӣ (эффекти парникӣ) ва афзоиши лаппишҳои ҳароратии шаборўзӣ ва мавсимӣ мегардад. Масалан, Миррих дар натиҷаи диссипатсияи атмосфераи сайёра қисми зиёди атмосфера ва оби худро талаф додаст. Зуҳра бе майдони магнитӣ дар зери майдони ҷозиба атмосфераи зичи худро нигоҳ дошта бошад ҳам, ҳамаи обро афканишоти ионишуда бухор кардааст. Дар раванди Диссипатсияи атмосфераи сайёра массаи сайёра, таркиби атмосфера, масофа то Офтоб ва фаъолияти Офтоб мақоми бузург доранд.

Дар қабатҳои болоии атмосфераи Замин аз ҳисоби афканишоти ултрабунафш ва рентгении Офтоб ҳарорат баланд ва газҳои массаи молекулавиашон хурд зиёд мебошад. Аз ин рў, аввалан ҳидрогени атомарӣ, ҳидроген ва ҳелий атмосфераро тарк менамоянд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи диссипатсияи атмосфераи баланд ҳарорати (2000 К) ҳидроген дар давоми ҳазорҳо сол ва ҳелий дар давоми якчанд миллион сол Заминро бояд тарк кунанд. Суръати интиқоли ҳидроген 3000 г/с ва ҳелий ҳамагӣ 50 г/с- ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон миқдори ҳидроген ва ҳелий ҳамеша аз ҳисоби таҷзияи об ва хориҷшавӣ аз қаъри Замин комил мешавад. Оксиген амалан пароканда нашуда, дар ҳосилшавии атмосфераи оксигенӣ, фотосинтези ибтидоӣ мақоми асосӣ дорад.

Майдони магнитии Замин онро аз шамоли офтобӣ ва ихроҷи ионҳо муҳофизат намуда, майдони ҷозибаи он раванди дигари ғайриҳароратиро бозмедорад. Реҷаи муайяни ҳароратии Замин имкон намедиҳад, ки СО 2  ва Н 20 пурра бухор шаванд ва онҳо дар ҳидросфера ва литосфераи Замин маҳфузанд. Карбон қариб тамоман дар ҷинсҳои таҳшиншуда ҷойгир буда, қисми атмосферии он ҳамагӣ 1 /250000 ҳиссаи умумии СО 2 – ро ташкил медиҳад. Дар ҳолати тамоман бухор шудани он атмосфераи Замин нисбат ба атмосфераи Зуҳра зичтар мебуд.

Суръати буҳронии сайёраҳо

Сйёра

Аторуд

Миррих

Зуҳра

Замин

Зуҳал

Муштарӣ

Суръати буҳронӣ, км / с

 

3,8

 

5,1

 

10,4

 

11,2

 

36,7

 

61

Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 13.

Муаллиф: А. Раҳмонов

Дар Китобхонаи миллӣ ин мақоларо ҳам метавонед аз муаллиф бихонед:

Раҳмонов, А. Ҷирмҳои Системаи сайёраҳо. – Душанбе, 2012. – 268 с.

Таҳияи Фирӯза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.