Activities calendar

28 июля 2020

Дар шаш моҳи соли равон аз китобхонаи электронӣ 156 500 нафар истифода бурдааст

Захираи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба суроғаи www.nlt.tj барои ҳамагон дастрас аст, ба 321 660 нусха   баробар шудааст ва шумораи хонандагони маҷозӣ ба маротиб  дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора зимни натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 иттилоъ  

Беш аз 17 ҳазор китоби нави воридшуда ба Китобхонаи миллӣ зарфи шаш моҳи сипаришуда

 Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз  186340 сомонӣ харидорӣ ва  барои истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллӣ 27 июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии Китобхонаи милли.

Зодрӯзи Моҳпайкар Ёрова. Табрики ҳунарманди маъруфро фаромӯш накунед

Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1991 факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М.С. Шерлинро хатм кардааст. Актрисаи театру кино. Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи намоишҳои  давоми беш ва аз ду даҳсола дар Театри номрафта рўи саҳна гузошта  нақши худро калон 

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Аввалин василаҳои осори хаттӣ: ПЕРГАМЕНТ

 Пергамент дар авҷи инкишофи масолеҳи хаттии папирусӣ ба вуҷуд омадааст. Вай ба муносибатҳои доду гирифти байни Сурия ва Миср алоқаманд буд. Садаи 2-юми пеш аз мелод шоҳаншоҳи Сурия Евмани II дар пойтахти худ (шаҳри Пергам) барои офаридани дастхатҳо харидани папирусро аз Миср раво донист. Вале шоҳаншоҳи Миср аз мақсаду орзуҳои Евман огоҳ шуд. Ӯ нахост, ки шуҳрати китобхонаи Искандарияро аз даст бидиҳад. Бинобар он, ба Сурия фурўхтани папирусро рухсат намедод.

Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Кристиан Доплер – физикдоне бо шуҳрати ҷаҳонӣ

Доплер Кристиан 29 ноябри соли 1803 дар Залсбурги Австрия ба дунё омадааст. Физик ва астрономии австриягӣ. Узви АИ Вена соли (1848). Хатмкардаи донишкадаҳои Залсбург ва Вена соли (1825). Аз соли 1847 профессори Академияҳои кўҳкор ва ҷангали Хемнитса, аз соли 1850 профессори Университети политехникӣ дар Вена ва директори нахустин дар ҷаҳон Институти физикаи назди Университети Вена, ки бо ташаббуси ў ташкил шуда буд.

Доплер доир ба соҳаи оптика (аберратсияи рўшноӣ, назарияи мироскоп, назарияи рангҳо) ва акустика таҳқиқот анҷом додааст.