Дар шаш моҳи соли равон аз китобхонаи электронӣ 156 500 нафар истифода бурдааст

Захираи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба суроғаи www.nlt.tj барои ҳамагон дастрас аст, ба 321 660 нусха   баробар шудааст ва шумораи хонандагони маҷозӣ ба маротиб  дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора зимни натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 иттилоъ дода шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ иттилоотӣ 649 нусха китоби электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тибқи соҳаҳо дар базаи маълумотӣ ва махзани Китобхонаи электронии муассиса ворид карда шуд.

Зикр гардид, ки дар шашмоҳи соли равон аз китобхонаи электронӣ 156 500  нафар истифода бурдааст, ки 40% онҳо ба  моҳҳои май - июн  рост меояд. Тибқи дархост аз ҷониби як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 22620 нусхаи электронии китоб ва маводи электронии таълимӣ ба онҳо дода шудааст. Бояд гуфт дар Китобхонаи электронӣ адабиёт бо  забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад. 

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки шартномаи иҷозатномаи дастёбии ройгон ба феҳристи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Россия барои соли 2020 тамдид карда шуда, барномаи махсус барои истифодаи диссертатсия ва авторефератҳо аз сомонаи мазкури Китобхонаи давлатии Россия (diss.rsl.ru) дар 20 компютери толори рисолаҳои илмӣ насб ва пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Аз толори хониши электронии Китобхона бошад дар ин давра 29012 нафар хонанда истифода бурдаанд, ки аз ин шумора 20480 нафар донишҷӯён, 5040 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 3292 нафарро аспирантҳо ташкил медиҳад, ки маҷмуан 10230 адад маводи электрониро истифода кардаанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.