Кароматуллоҳи Мирзо ба хонандагони наврас чӣ гуфт?

Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон  маҳфили «Дар сӯҳбати адиб» баргузор шуд, ки хонадагони наврас бо адиби дӯстдоштаи худ Кароматуллоҳи Мирзо мулоқот карданд.

Меҳмони олиқадрро Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода хайрамақдам гуфт ва ба ҳозирон дараи зиндагиномаи адиби номвар ва асарҳои ӯ нақл кард. 

Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъба иштирок доштанд ва атрофи асарҳои устод бо муаллиф баҳс карданд. Адиби баруманд ба ҳама суолҳои хонандагони наврасаш посух дод ва гуфт, ки маҳз мутолиаи китоб инсонро ба камолоти маънавӣ мерасонад. 

Дар бахши дуюми барнома хонадагон шеърҳоеро қироат карданд, ки адибон ба васфи Карроматуллоҳи Мирзо навиштаанд. Ҳамчунин пораҳо аз қиссаву романҳои адибро низ қироат карданд. 

Кароматуллоҳи Мирзо кист?

КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО аз зумраи адибони номвари кишвар аст. Вай 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзондааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст.

Сипас муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990-2004) будааст. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Аз соли 2007 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» буд.

Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш – қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.

Асарҳои нависанда бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омада, хислатҳои неку бади ҳамзамонони моро воқеънигарона ба риштаи тасвир кашидаанд ва муаллифашонро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии Устод Айнӣ ва давомдиҳандаи кори Сотим Улуғзодаю Ҷалол Икромию Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шуҳратёр намудаанд.

Радиои ҷумҳурӣ дар асоси қиссаи «Дарди ишқ» ва қисмати аввали романи «Дар орзуи падар» радиотеатр офаридааст, ки писанди ҳамагонанд.

Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ Киностудияи «Тоҷикфилм» аввалин бор ба забони тоҷикӣ аз рӯи қиссаи «Дарди ишқ» филми ҳамноме ба навор гирифтааст, ки то имрӯз ҷолиби диққати тамошобинонанд.

Дар заминаи романи сегонаи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат сериали ҳамноме танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон, маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.

Вобаста ба мавзӯи романи «Марги бегуноҳ», қиссаи «Нишони зиндагӣ» силсилафилм ва ҳикояи «Меҳри модар» филм омода ва пешкаши умум гардидааст. Муаллифи филмномаҳо ва радиотеатрҳои дар заминаи асарҳои нависанда таҳиягардида Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдист, ки бо эҷодиёти адиб хуб ошноӣ ва бо ӯ ҳамкорӣ дорад.

Китоби қиссаҳои «Дарди ишқ»-аш таҳти унвони «Муки любви» соли 1989 дар Маскав (ба забони русӣ), романи «Дар орзуи падар» соли 2002 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфтаанд. Осори гуногунаш дар 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ба чоп расидаанд.

Асарҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, ба забонҳои инглисӣ, чехӣ (тарҷумон Иржи Бечка), туркманӣ, ӯзбекӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Нависанаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Л.Н. Толстой, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф», Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Раёсат ва раиси Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявист.

Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.