Сабатамон ҳамеша пурмева бод!

Тирамоҳу Меҳргон. Барои мо ду мафҳуме, ки тавъаманд. Тирамоҳ танҳо фасли хазон нест, фасли ҳосил, фасли зеботарини сол, ки табиатро бо қабои заррин мепӯшад. Ва дар ин фасл деҳқон ҳосили заҳмати худро меғундорад, то сардиҳои зимистон аз он нӯши ҷон кунад ва то баҳори дигар худро саломат расонад.

Ҳамин ҷашни ҳосил Меҳргон аст.

Пас хуш омад тирамоҳ, хуш омад Меҳргон.

Шуъбаи кӯдакону наврасон, ки каме пештар як маҳфили “Дастони моҳир”-ро ба тирамоҳ бахшида буд, ин бор Меҳргонро мавзуъи баҳс қарор дод. Ва аз хонандагон хоста шуд аввал дар бораи Меҳргон донистаҳои худро бигӯянд, сипас нақли мураббиро низ гӯш кунанд, то донишашон пурра шавад. Он гаҳ пардозанд ба сохтани сабати пур аз мева, ки хоси ҳамин Меҳргони пурфайз аст.

Ва ин орзуст: ДОИМО САБАТИ МО ПУРМЕВА БОШАД!

Вазифа иҷро шуд, ки дар расмҳо мебинед.

Дар поён мо таассуроти се нафар аз хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86 шаҳри Душанберо дар атрофи мавзуъ ва маҳфили “Дастони моҳир” шунидем, ки ин ҷо меорем.

Идимо Хушова  -  хонандаи синфи 7-и муассиса таҳсилоти миёнаи умумӣ № 86-и шаҳри Душанбе:

- Ман бори аввал аст, ки ба Китобхона омадам қабл аз ба Китобхона омаданам аз ҳамсинфонам шунида будам, ки дар толори кўдакон ва наврасон китобҳои шавқовар зиёданд ва ҳамеша мегуфтанд, ки дар маҳфили “Дастони моҳир” иштирок карданнд ва ман ҳам хостам омада дар ин маҳфил ширкат кунам. Айни замон чуноне мебинед, ман бо сохтани сабати пур аз мева машғул шудам ва дар муддати 30 дақиқа сохта ба анҷом расонидам.

Абутолиб Шеров - хонандаи синфи 7-и муассиса таҳсилоти миёнаи умуми № 8-и шаҳри Душанбе:

- Ман 1 моҳ аст, ки аъзои  китобхонаам ва дар ин мудати кутоҳ китобҳои зиёд, ки маҳз барои мо наврасону кӯдакон гузоштаанд, хондам. Ба ман сохтани ҳаргуна асбобҳо бо қоғазҳои ранга хело писан даст ва ба ҳамин хотир ман имрўз дар маҳфили “Дастони моҳир” иштирок дорам. Ин бор мо бахшида ба ҷашни Меҳргон сабабти пурмева месозем. Пештар аз ин дар хона ҳар гуна асбобҳо месохтам аз ҷумла ба сохтани гул, киштӣ, моҳӣ ва ғайра машғул будам.

Оиша Хушова - хонандаи синфи 7-и муассиса таҳсилоти миёнаи умумӣ № 86-и шаҳри Душанбе:

- Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои дўстдоштаи ман мебошад. Ин идро мо маҳз дар фасли тирамоҳ, ки айёми ҷамъоварии ҳосили деҳқон аст, ҷашн мегирем. Дар ин фасл тамоми меваҳои дўстдоштаи мо пӯхта мерасанд ва бо ҳамин хотир мо имрўз дар маҳфили “Дастони моҳир” тамоми меваҳои тирамоҳиро, ки медонем, бо қоғазҳои ранга  сохта истодаем.

Ман бори дуюм аст, ки дар ин маҳфил иштирок дорам ва хело шодам. Мехоҳам дар ҳар маҳфил, ки имкон дошта бошам, иштирок кунам.

Суҳбати Моҳираи Раҷаб