Дар толори хониши кӯдакону наврасон чорабиние баргузор шуд, ки ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд.
Тоҷикистон ташаббускори чандин барномаҳои байналмилалӣ оид ба об аст. Тавре Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани муқаддамотии худ зикр кард, об сарчашмаи асосии тамоми мавҷудоти зиндаи рўи олам буда, норасоӣ ва камбуди он қариб дар ҳам аи минтақаҳои олам ҳисс мешавад. Хушбахтона, Тоҷикистон кишваре мебошад, ки дар он обҳои тозаву мусаффо фаровонанд.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт, омили рушди кишоварзиву саноат, пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад.
Кӯдакон ва наврасон аз ҷумлаи хонандагони фаъоли шуъба бо шеъру суруду тарона ва рақс як намоиши сужавии театриро иҷро карданд. Мавзуъи шеърҳо обу ободонӣ буд. Иддиае дигар суханони ҳикматомези бузургонро дар бораи об қироат карданд. Саҳначаи ҷолибе ҳам бо номи “Оби соф” иҷро шуд, ки хотирмон буд.
Дар ин чорабинӣ Меҳрӣ Ёрова - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгори мактаби таҳсилоти умумии № 6-и шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ ҳузур дошт ва зимни суханронӣ шеърҳои худро дар васфи обҳои мусаффои Тоҷикистон қироат намуд.
Муовини директори Китобхона Салима Раҷабова ба кўдакону наврасон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд ва изҳор дошт, ки ширкати атфол дар ин гуна ҳамоишҳо муҷиби хушии хотир ва боло рафтани донишу ҷаҳонбинии онҳо мешавад.
Фарзонаи МИРЗО