Дар ин маҷмўа намунаҳои ашъори шоирон, ки дар боби накўҳиши доду ситади ришва ва рибохорону ришватхўрон эҷод шудааст, гирдоварӣ гардидааст. Ҳадаф аз ин амр гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ, бенизомӣ, ҷиноятпўшонӣ ва беадолатӣ, хусусан муқовимат бар зидди фасод мебошад.
Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми аввал намунаҳои шеъри форсии тоҷикӣ бар зидди фасод ва қисми дувум мақолаву мусоҳибаҳои Котиби Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия
Ин китоб соли 2013 бо талоши Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон чоп шудааст ва сармуҳаррири он, донишманди маъруф Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ як сарсухани муфассале ҳам навишта. Дар ин сарсухан мехонем: Илме, ки аз омўзиши номи маҳаллоти ҷуғрофиёӣ падид омада ва то ба имрўз бад-он машғул аст, топонимика ном дорад. Аз тадқиқоти донишмандони илми мазбур бармеояд, ки падид омадани номҳои ҷуғрофиёӣ, билхусус номи маҳалҳо (ки ҳам акнун мавзўи баҳси ин китоб аст), шарту қавонини махсуси худро дорад. Донишмандон бад-ин хулоса омадаанд, ки топография забони Замин аст, яъне ҳамчунон, ки олами набототу ҳайвонот ва инсоният дар доираи номгузории
(Бахши аввал)
Ин номаҳо соли 1966 дар “Куллиёт”-и адиби маъруф Абдусалом Деҳотӣ чоп шудаанд. Хондани номаҳо ҳиссиёти аҷиберо дар хонанда бедор мекунанд. Бӯйи солҳо, солҳое, ки устод Айнӣ дар Самарқанд ва Деҳотиву даҳҳо шогирдон дар Душанбе будубош доштанд. Ва ин шогирдон ҳар иқдоме мехоҳанд анҷом бидиҳанд, ниёзе ба пири кор доранд. Дар ин номаҳо Абдусалом Деҳотӣ, ки бидуни шак яке аз
Мигел де Сервантес аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти ҷаҳонӣ ва муваффақияти адабиёти замон Эҳёи Испания дар соҳаи насри бадеӣ ва драматургия ба ҳисоб меравад. Мигел де Сервантес моҳи сентябри соли 1547 дар шаҳри Алкалъа де Энареси наздикии Мадрид дар оилаи ашрофи камбағалгардида ва табиб Родриго де Сервантес ба дунё омадааст.
Аҳрор Мухторов яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми тоҷик аст. Таърихнигор ва муллифи бештар аз 25 асари таърихиву монография ва беш аз 150 мақолаи илмист. Яке аз арзишмандтарин таҳқиқоти ӯ дар бораи Ҳисор аст, ки натиҷаи пажӯҳишҳои чандинсолаи худро соли 1995 дар шакли китоб интишор додааст. Аммо навиштани китоб худ таърихи аҷиб дорад, ки барои хонанда донистани он аз аҳамият холӣ нест. Барои ин мо сарсухани китобро комил меорем, то рушан шавад, ки Аҳрор Мухторовро чӣ ва кӣ барои навиштани таърихи Ҳисори шодмон таҳрик дод. Инак, он сарсухан: