Муаррифӣ: “Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон”

Ин китоб соли 2013 бо талоши Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон чоп шудааст ва сармуҳаррири он, донишманди маъруф Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ як сарсухани муфассале ҳам навишта. Дар ин сарсухан мехонем: Илме, ки аз омўзиши номи маҳаллоти ҷуғрофиёӣ падид омада ва то ба имрўз бад-он машғул аст,  топонимика ном дорад. Аз тадқиқоти донишмандони илми мазбур бармеояд, ки падид омадани номҳои ҷуғрофиёӣ, билхусус номи маҳалҳо (ки ҳам акнун мавзўи баҳси ин китоб аст), шарту қавонини махсуси худро дорад. Донишмандон бад-ин хулоса омадаанд, ки топография забони Замин аст, яъне ҳамчунон, ки олами набототу ҳайвонот ва инсоният дар доираи номгузории хоссаи худ мечарханд, олами ҷуғрофиёӣ низ номгузории махсуси худро дорад,  ки бад- ин восита маконҳои кураи Замин бо махсусияти ҷуғрофиёияшон шинохта мешаванд.

     Қонуни номгузории маҳалҳо (топонимика) ин аст, ки қабл аз ҳама муҳити ҷуғрофиёии он ба назар гирифта мешавад. Ба воситаи  он равшан мегардад, ки ин макон дар баландиҳо, кўҳҳо (Деҳбаланд, Кўҳистон, Фалғар, Кўҳдоман, Ғўр, Сафедкўҳ, Данғара, Ғарҷистон ва ғайра), пастиҳо, даштҳо (Пастоб, Таҳдашт, Поёноб, Дашт, Даштобод, Даштак, Сағридашт, Шакардашт ва ғ.), назди об, соҳилҳо (Дарёобод, Обигарм, Лабиоб, Лавова, Гарморуд, Панҷоб, Соҳилӣ, Сарбанд, Андароб, Поршнев, Убара, Мовароуннаҳр, Балхобӣ, Шакоб, Такоб, Шукнов, Ҷуйибодом, Корез ва ғ.), назди чашмаҳо (Чашма, Сари Чашма, Гармчашма, Сардоб, Чашмаи Айюб, Булоқҳои туркӣ в ғ.), дараҳо (Тавилдара, Бартанг, Дара, Дарагӣ, Дараи Бедҳо, Дараи Мухтор, Шохдара ва ғ.), ҷангалҳо, боғҳо (Ҷангал, Ҷангалак, Ҷангалобод, Барҷангал, Боғгаҳӣ, Боғи Зоғон, Боғи Шамол, Боғистон, Боғча, Арчазор, Конибодом, Шафтолубоғ ва ғ.), шароити обуҳавоӣ  (Шамолдара, Офтобрўя, Хуросон, Шамол, Гармсер, Боронкул, Барфоб ва ғ.), мавсимӣ (Баҳористон, Гулзор, Гулистон, Гули Сурх,  Наврўзгоҳ ва ғ.),   чизҳои ҷудогона – сангҳо, дарахтҳо (Яккачинор, Яккатут,  Чортут,  Санги Кулула, Санги Сиёҳ, Сангвор, Санги Хуч,  Санги Сурх, Сангпар, Пули Сангин ва ғ.)   ва амсоли инҳо ҷойгиранд.

    Алоқаи дигари топинимика бо таърих аст. Чунончи аз умқи таърих мушоҳида мешавад, пайваста мардумоне будаанд,  ки аз саҳнаи ҳаёт рафта ва дигарон ба ҷои онҳо омадаанд ва дар бештари маворид номҳои қаблии ин сарзаминҳоро нигоҳ дошта ва ё аз миён бурдаанд. Аз ин номгузориҳои пай дар пай ҳаводиси таърихӣ дар ёдҳову китобҳо боқӣ мондаанд, ки бад-ин восита забонҳои мухталиф аз ҳукуматҳои соҳибони худ дар ин маконҳо ишорат кардаанд. Аммо ҳар номи таърихие, ки падид омадааст, барои макони он вобастагии амиқе дорад, ки бо хондан ва ё шунидани он моҳияти он макон ба хубию осонӣ дарёфта мешавад. Чунончи номи маҳалҳои зайл ҳатто бидуни шарҳ ҳам фаҳмида мешаванд: Гургхўрда, Шаҳидон, Қурбоншаҳид, Шаҳринав, Шаҳри Сўхта,  Арабҳо, Тоҷикобод, Мўъминобод, Туркманобод, Тусиён, Ғуриён, Лақайбегӣ, Қипчоқ, Тўда, Тўпхона, Шайхон, Сайидон, Абдолон, Ҳазораҳо, Ҳазрати Имом, Машҳад, Лўлиён, Султонобод, Доробгирд, Искандария ва ғ. Яъне маънии таърихии чунин номҳо он аст, ки ин шаҳрест нав сохта шуда ё сўхтаву вайроншуда, ҷоест, ки касеро гўрг хўрда, ё ҷоест, ки гурўҳе аз мардум онро обод карда ё як ҷо зиста ва ё ҷое, ки касе шаҳид шудааст ва амсоли ин, яъне ҳамаи номҳо алоқамандии наздике  ба ҷойҳои худ доранд.

   Ин мисолҳо, ки аз Тоҷикистон овардем, дар дигар амокини дунё низ ба ҳамин гуна буду ҳаст. Ва гузаштагони мо дар имтидоди садсолаҳо мисли тамоми мардумони олам ин қонунҳои муҳими топографиро риъоят доштаанд. Вале баъдан буд, ки ҷабрҳои таърихие сари номгузориҳои миллии мо омаданд, аз ҷумла, омадани араб ва арабӣ шудани номҳо,  омадани турку муғул ва ба забони онҳо шудани номи маконҳои мо ва дар ниҳоят омадани русҳо ва «инқилобиву интернатсионалӣ ва сотсиалистиву коммунистӣ» гардонидани номи онҳо (намунаи ҳамаи онҳоро дар сафаҳоти ин китоб мушоҳада хоҳед кард). Метавон ба воситаи ин номҳо дар кадом замонҳо дар ихтиёри киҳо  будани сарзамини худро ба осонӣ дарёбем.

Китобро шумо метавонед дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Малика Абдуллоева,

 мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.