Бо Азизи Азиз «Дар суҳбати адиб»
Нашр шуд 2019-04-05 16:59
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи фестивали ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», ки ҳамасола аз 2 то 9 апрел идома меёбад, маҳфили «Дар сўҳбати адиб» бо иштироки нависандаи маъруфи кўдакнависи кишвар Азизи Азиз баргузор гардид.
Маҳфил бо суханони муқаддимавии Ҷонишини Дирекктори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова оғоз шуд. Номбурда дар бораи адиби номвар, китобҳо ва роҳи эҷодии ӯ ба хонадагон мухтасар маълумот дод. Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ афзуд, ки Азизи Азиз адибест, ки асарҳои ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он мехонанд, чун ҳикояҳои ӯ бо чандин забони хориҷӣ тарҷума шудааст.
Сипас, Азизи Азиз дар бораи худ ва эҷодиёти худ, дар бораи аввалин ҳикояҳои хеш қисса намуд. Вай ба суолҳои зиёди хонандагон посух дод. Аз ҷумла гуфт, ки мавзуъи ҳикояҳои худро аз куҷо мегирад ва образҳоро чӣ гуна меофарад.
Дар маҳфил хонандагон басо фаъол буданд. Онҳо тавонистанд чанди ҳикояи адибро бихонанд ва ё дар бораи ҳикояҳои ӯ нақл кунанд. Маълум буд, ки эҷодиёти ин адиби кӯдакнавис миёни хонандагон аз маъруфияти хосе бархурдор аст.
Муаррифии мо: Азизов Азиз Ибодуллоевич (Азизи Азиз) 12 феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Мактаби ҳаштсоларо дар зодгоҳаш ва мактаби миёнаро дар интернати шаҳри Бўстони вилояти Суғд соли 1977 хатм намуда, ба факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи омўзгории Хуҷанд дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ (соли 1982) муддате муҳаррири Кумитаи радиои Комбинати абрешими Хуҷанд буд. Пас ба зодгоҳаш рафт ва то соли 1987 омўзгорӣ кард.
Соли 1987 барои кор ба Душанбе даъват шуд. Аввал муҳаррири калон, баъд котиби масъули маҷаллаи бачагонаи «Чашма» таъин гардид. Азиз инчунин дар рўзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Фирўза» ва «Истиқбол» кор кардааст.
Азизи Азиз барои бачаҳо афсона ва ҳикоя менависад. Чанд китоби латифаю чистонҳояш низ ба чоп расидаанд. Вале бештар чун афсонанавис шинохта шудааст. Дар китобҳои ў «Афсона ва ҳикояҳо» (соли 1989, «Адиб»), «Хандонак» (соли 1998, «Нодир»), “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (соли 1998, «Пайванд»), «Қарзи сарлашкар» (соли 2001, «Адиб»), «Донишманд ва девдарахт» (соли 2010, «Адиб»), «Афсонаи об», «Шаш ва нўҳ», «Саргузашти заргўшак», «Чилпо», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (соли 2013, «Истиқбол») беҳтарин навиштаҳояш гирд оварда шудаанд. Чанд афсонаи Азизи Азиз ба забони ўзбекӣ, русӣ, чехӣ, қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Барандаи ҷоизаи Ҷавонони Тоҷикистон (соли 1994) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад.
Бояд зикр карда, ки Азизи Азиз баранда телевизиони кўдакон ва наврасон Баҳористон дар Маҳфили «Беҳтар аз дўст» ва «Маҳфили адибони наврас» мебошанд ва вазифа мудири шуъбаи бачагонаи Итифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба зима доранд.
Шаҳноза Дониёрова,
Сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.