Дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Шуъбаи кӯдакон ва наврасон бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак” чорабинии фарҳангии “Ояндасозони Ватан” баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо», ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл», хонандагони мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев ширкат намуданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ намоиши китоб ва маҳсули эҷоди дастони хонандагон низ баргузор шуд. Меҳмонон қабл аз он ки вориди толор шаванд, аввал аз ин намоиш дидан карданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ атфолро ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак муборакбод намуд. Вай зимнан гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак ҳама шароитҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст ва ҳукумати кишвар барои таҳсилу истироҳату фароғати бачаҳо барномаҳои зиёдеро амалӣ кардаву мекунад.
Нависандаи кӯдакнавис Зариф Ғулом, ки дар маҳфил ҳузур дошт, суханронӣ кард.
Баъдан саҳнаи ҳунарии хонандагони МТХ «Литсейи Раҳнамо», ки аз саломномаи барандагон оғоз шуда, якояк дар бораи ҳуқуқи кӯдакону ва ҳимояи онҳо маълумоти пурра доданд ва сипас ин ҳамаро бо шеърхониҳо ҷамъбаст карданд, намоиш дода шуд.
Инчунин гурӯҳи ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл», бо ҳунару маҳорати зебои рақсии худ ҳусни саҳнаро боз ҳам зеботару рангин намуданд. Навозиш, ки яке аз ҳунарҳои миллии мо ба ҳисоб меравад дар иҷрои хонандагони мактаби мусиқӣ ба номи Миратулло Атоев баҳри болидасозии хотири меҳмонон пешкаш карда шуд.
Хонандагони фаоли шуъба суруди умумии худро пешкаши меҳмонон гардониданд.
Ширкаткунандагони фаъоли ин чорабинӣ дар поёни барнома бо туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад.
Дар ин чорабиниҳо беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба тамошо гузошта мешаванд, консертҳои идона ташкил мегардад. Кўдак дар ҷомеаи мо тоифаи соҳибимтиёз аст ва ҳуқуқи муайяне дорад. Ҳукумати мо ғамхорӣ ба кўдакро вазифаи бисёр муҳим ва аввалиндараҷа медонад ва ҳама чизи беҳтарини мамлакат пеш аз ҳама ба кўдакон бахшида мешавад. Тарбияи хуб дар боғча, таълими ҳамаҷониба дар мактаб ва оила таъмин карда мешавад.
Давлат барои нигоҳубини кўдак ба модарон ёрии моддӣ мерасонад, оилаҳои серфарзанд ва модарони танҳо, эҳтиёҷманд барои тарбияи кўдакашон аз давлат кўмакпулӣ мегиранд. Кўдакони ятим ва бепарасторро кўдакистонҳо ва мактаб-интернатҳо, кўдакони маъюбро хонаҳои махсус барои тарбияи махсус мувофиқ ва мутобиқ гарм ба оғўш мегиранд ва хараҷоти онҳо ҳама ба зимаи давлат аст.
Кўдак ҷузъи ҷомеа аст. Фардои ҷомеа аз тарбияи насли ояндаи имрўз вобастагӣ дорад. Бинобар ин ҷомеаи мо ба он мекўшад, ки кўдакони солим ба дунё оянд ва хуб тарбия гиранд. Кўдакон ғунчаҳои наврастаанд, ки инкишоф тарақиёт ва таълиму тарбияи онҳо кўшишу заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Айёми тифлӣ давраи афсонавии инсон басо аҷоиб, зебо рангорангу щавқовар, олами нотакрор аст. Кўдакон ғарқи олами рангин бо хандаҳои зебояшон оламро рангину зебо мекунанд ва мо модарон аз он як дунё ҳаловат мегирем. Имрўз мо шукрона мекунем, ки кўдакон ҳастанд ва бигзор ки ҳамеша бошанд. Тамоми дустрўяконро бо ин иди байналмиллалиашон табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша тансиҳату хандонрўй бошанд.
Замира Давлатова