Тасвири гул дар маҳфили “Дастони моҳир

Тасвири гул дар маҳфили “Дастони моҳир

 Маҳфили «Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасон ба мавзуи “Гулҳои Душанбе” бахшида шуд ва ҳадаф сохтани гул буд.  Чаро мо ин мавзуъро интихоб кардем? Тоҷикистон ва бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе ахиран ба як шаҳри гулҳо табдил шуд. Имрӯз ба ҳар кӯчаву хиёбон наравед, аз ҳар раста гузар накунед, шумо ба гулҳои рангорангу зебо рӯ ба рӯ мешавед. Баъзе намуди гулҳоро мо бори аввал мебинем. Шаҳрдории пойтахт барои ободе зебо гардонидани шаҳри Душанбе аз кишварҳои дур гунаҳои мухталифи гулҳои зеборо овардаву парварш кардааст ва онҳо ҳоло зеби кӯчаву хиёбонҳои моянд.

 Гул ва анвои он – гули азраъ, гули бехор, гули навбар, гули наврўзӣ гули раъно, гули саҳар, гули сурх (киноя аз офтоб), гул чидан (маҷозан, баҳра бурдан), гули пажмурда (киноя аз рўи зард), гули рангин (киноя аз рўи зебо, лаб ва маҳбуба), гули навруста, гули садбарг(киноя аз маҳбуба), гули сурӣ, гули шукуфта, гули пиёда (гулҳои саҳроӣ, лола), гули сари сабад ( киноя аз  чизи аъло, чизи беҳтарин), гули хандон , гул кардан(зоҳир шудан), гули зардро арғавонӣ кардан, дамидани гул, аз ҳазор гулаш яке нашукуфта ва ғайра дар адабиёти форс-тоҷик ба таври густурда истифода гардидааст. 

  Гул яке аз унсурҳои хаёл дар назми форс-тоҷик аст ва ҳамчун воситаи баёну тасвир ба кор меравад. Гул ҳамчун паёмовари баҳор, ифодагари шодию хурсандӣ, хушбахтӣ, сарсабзӣ, ишқу умед, ғаму андўҳ сўзу мотам дар сухани адибон таҷаллӣ ёфтааст.

 

Чист, донӣ, ғунчаҳои ношукуфта дар чаман
Булбулон бар шохи гул дилҳои пурхун бастаанд.
                                                                       Ҷомӣ 

 

Дар бораи гул зиёд метавон ҳарф зад. Гул чун намоди шуфтану шодӣ ва нашъунамо дар адабиёт ба кор меравад. Ғаму андўх, ноҳинҷорӣ чун хорест, ки боиси халал ёфтани шодиҳо мегарданд ва дар зиндагӣ образи манфӣ меги ранд. Зиддиятҳои ҷаҳон ки бо ҷуфтҳои ба ҳам муқобил боиси таносуб ва мувозинати оламанд, дар адабиёти тоҷик ба таври густурда тасвир ёфтаанд. Дар осори шоирон тасвири гул бо хор зиёд аст:

Ҷаври душман чӣ кунад, гар накашад толиби дўст,
Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ ба ҳаманд.
                                                                      Саъдӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Баъди нақл дар бораи гулҳо миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт ва бо раҳнамоии мураббӣ хонандагони хурдсол аз маводҳои конселярӣ гулҳои гуногун сохтанд.

 

 Шаҳноза ДОНИЁРОВА,

сармутахассиси шуъбаи

кўдакон ва наврасон