Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ
Лоҳиқа
Дар нақли адабияи занони зукоъатнишон
Ба нақл аз намунаи адабияи заноне, ки аз Мовароуннаҳру Туркистон баромадааанд, ё ки ба ин сарзамин муносибате пайдо кадаанд, зинат додани қисми аввал аз «Намунаи адабиёти тоҷик» муносиб дида шуд.
Мутрибаи Кошғарӣ
(асри шашуми ҳиҷрӣ )
Дар ҳарами Туғоншоҳ будаву дар марсияи ў гуфта:
(Аз «Оташкада»)
Дар мотамат, эй шоҳ, сияҳ шуд рўзам,
Бе рўи ту дидагони худ бардўзам,
Теғи ту куҷост, эй дареғо, то ман
Хун рехтан аз дида ба ў омўзам.
- 2 –
Меҳрӣ
Надимаи Гавҳаршодбегим – завҷаи Шоҳрухмирзо ибни амир Темур аст ва шавҳараш Хоҷа Абдулазиз табиби хоси Шоҳрух аст.
(Аз «Оташкада»)
Ҳалли ҳар нуқта, ки бар пири хирад мушкил буд,
Озмудем, ба як ҷуръаи май ҳосил буд.
Гуфтам, аз мадраса пурсам сабаби ҳурмати май,
Дари ҳар кас, ки задам, бехуду лояъқил буд.
Рубоӣ
Дар хонаи ту он чи маро шояд, нест,
Банде зи дили рамида бикушояд, нест,
Гўӣ: ҳама чиз дорам аз молу манол,
Оре, ҳама ҳаст, он чи мебояд, нест.
(Ишора ба пирии шавҳараш аст.)
Меҳрӣ бағоят зарифаву ҳозирҷавоб буда, чунончи дар тазкираи «Оташкада» манқул аст, ки рўзе Меҳрӣ дар хидмати Гавҳаршобегим машғули суҳбат буд, ки шавҳараш Хоҷа Абдулазиз аз дур намоён шуд. Бегим чандеро маъмур кард, ки хоҷаро зудтар вориди маҷлис намоянд. Маъмурин ҳарчанд исрор мекарданд, хоҷа, ки зотан пиру заиф буд, илова бар ин барои хушии хотири Бегим зиёдтар дар роҳ рафтан изҳори зафъу нотавонӣ мекард. Бегим ба Меҳрӣ гуфта, ки то омадани хоҷа шеъре мушъир (ишоракунанда) бар зафъи ў гўяд. Меҳрӣ дар бадеҳа ин шеърро гуфта:
Маро бо ту сари ёрӣ намондаст,
Дили меҳру вафодорӣ намондаст,
Туро аз заъфу пирӣ қуввату зўр,
Чунон ки пой бардорӣ, намондаст.
(Алҳақ, бағот хуб гуфта!)
Боре Меҳриро ба иттиҳоми гуноҳе ҳабс карда, дар пояш кунда заданд, дар он маврид гуфта:
Рубоӣ
Шаҳ кунда ниҳода сарви симинтанро,
З-ин воқеа шеван аст марду занро,
Афсўс, ки дар кунда бихоҳад фарсуд
Пое, ки душоха буд сад гарданро.
- 3 –
Исматӣ
Соҳиби «Оташкада» ва «Қобус-ул-аълом» духтари қозии Самарқанд буданашро қайд кардаанд, аммо таърихи ҳаёташ маълум нашуд.
(Аз «Оташкада» )
Магар расвои ишқ аз мардуми олам ғаме дорад,
Ки ошиқ гаштанту расво шудан ҳам оламе дорад.
- 4-
Оиша
Назар ба ривояти соҳиби «Оташкада» аз аҳли Самарқанд аст, лекин таърихаш маълум нашуд.
Рубоӣ
1
Ашке, ки зи чашми ман ба рӯ ғалтидаст,
Дар гўш кашидаӣ, ки марворид аст.
Аз гўш бурун ор, ки бандномии туст,
К-онро ба рухам тамоми олам дидаст.
2
Бо ман чу шаби васли ту бикшояд роз,
Ногоҳам аз шом кунад субҳ оғоз
Бо ин ҳама, гар иваз кунандам, надиҳам
Кўтоҳшабе аз он ба сад умри дароз
- 5 -
Нодира
Андиҷонист ва завҷаи амир Умархон - волии Хўқанд аст (вафоти Умархон – 1237 ҳиҷрист).
Аз рўи шунид, Нодираро дар форсиву туркӣ девоне мукаммал аст, ҳайфо, ки бинобар матбўъ набуданаш диданаш муяссар нашуд.
Дар маҷмўаи «Билим учоғи», ки дар Тошканд дар соли 1923, 15 май (шумораи 2- 3) нашр шудааст, тарҷумаи ҳол ва ашъори туркиаш нақл шуда бошад ҳам, ашъори форсиаш зикр нашудааст. Танҳо аз «Таворихи хамсаи шарқӣ» суолу ҷавоби форсии зер ба номи ў аз рўи гумон нақл шудааст.
Суолу ҷавоб
Суоли Умархон: Зери домони ту пинҳон чист, эй гулпираҳан,
Ҷавоби Нодира: Нақши сумми оҳуи Чин аст дар барги суман.
Умархон: Боз ташбеҳи дигар кун, то бигардам аз сарат,
Нодира: Ғунчаи серобро монад, ки нашкуфта даҳан.
Таҳияи Малика Абдуллоева