Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши панҷум

 Донишмандоне ба монанди Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Ҳусайнналии Ҳиравӣ, Муҳаммад Муъин, Ғуломҳусайни Сиддиқӣ, Ҳусайн Хадевҷам ва чанд нафари дигар дар ин масъала  изҳори назар кардаанд, ки нигоранда дар ин бора ба тафсил маълумот додаст.  Бино ба таҳқиқи Ғуломҳусайни  Сиддиқӣ ва  Муҳаммад Муъин ойини ҷуръаашонӣ бар хок дар милали бостон (юнониён, ошириён, яҳудиён ва дигарон)  собиқаи куҳан доштааст. Дар Юнони бостон, ки ба расми Бокус (рабуъулнавъи шароб) маъруф  аст, саҳм  ва насибаи ўро медиҳанд. Дар шеъри Ҳофиз бештар дар мавриди ёдоварӣ ва  бузургдошти гузаштагон аз ин  мафҳум истифода мешавад

Ойинаи боданўшӣ

 Чуноне, ки зикраш рафт, боданўшӣ  як силсилаи одобу,  русуми ба худ хос дорад, ки аз тамаддуни   қаблазисломии мардуми фосинажод маншаъ мегирад. Ин мутиф дар шеъри  форсӣ собиқаи куҳан  дорад ва дар шеъри  Хоҷа Ҳофиз тасовири  хоса касб карда,  ки  моломот аз киноёту  ташбеҳоти тозаву нодир аст.  Масалан:

  Бо шодии кассе шароб нўшидан.  Дар гузашта, хоса  дар байни ҷавонмардон расме  буда, ки ба шодии дўст, рафиқ, хариф ва ё  худ  пир  шароб менўшидаанд  ва ҳатто агар ў ҳозир набошад. Чуноне  ки   дар қасидаи   «Модари май»-и устод  Рўдакӣ мушоҳида намудем, амир ва аҳли дарбор ба шодии сипоҳсолор-ҳокими Систон Абдўҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад шароб менўшанд. Парвиз Нотили Хонларӣ дар мақолаи «Се  калима  дар шеъри  Ҳофиз» дар ин  масъала ба тафсил маълумот додаст. Ҳофиз чанд ҷо аз ин ойин ёд кардааст:

            Нағз гуфт  он бути  тарсобачаи бодафурўш,

            Шодии рўи кассе хўр, ки сафойе дорад.  (29,166)

 Ҷойи дигар гўяд: 

            Ратли гаронам деҳ, эй муриди харобот,

             Шодии шайхе, ки  хонакоҳ надорад.

  Яъне,  эй  мурид ва сокину ҳаводоронӣ  майхона,  ба  шодӣ ва хуррамии  пире, ки алорағами  шайхону  пирони хонақоҳдору  хонақоҳнишин  хонақоҳе надорад ва даъвии ному шўҳрат намекунад, дар паймонаи  бузург  шаробам бидеҳ.

       Ба ёди касе шароб нўшидан. Низ яке аз расми боданўшӣ буда, ки ҳоло ҳам роиҷ аст. Ба ёди касе  шароб нўшидан иншони ҳурмату эҳтиром ба он шахс аст;

              Бихоҳ ҷоми сабўҳи ба ёди Осафи аҳд,

          Вазири мулки Сулаймон Имомуддин Маҳмуд.  

  Ба ҳурмат нўшидан.  Яъне аз рўйи эҳтиром нўшидани  бода ва низ аз ойини боданўшӣ буда, дар соҳати дарунмаънӣ ва рўйи ихлос ва муҳаббат қабул кардани шартҳои тариқат аст:

             Шоҳ агар ҷуръаи риндон на ба  ҳурмат нўшад,          

            Илтифоташ ба майи софи мураввақ накунем.

 Қадаҳ ба шарти адаб гирифтан. Шоир эҳтироме ба гузаштагон дорад ва қадаҳ ба шарти адаб мегирад, зеро таркиби қадаҳ аз косаи сари пешин чун Ҷамшед Баҳман ва Қубод аст:

              Қадаҳ ба шарти адаб гир, з-он ки таркибаш

              Зи косаи сари Ҷамшеду Баҳман аст Қубод.

  Дар харобот, ки манзии риндони ошиқу вораста аст, бояд ба шарти адаб қадам ниҳод, яъне покиза бояд буд ва шарту  русуми онро баҷо овард, зеро сокинони ин даргаҳ маҳрами  подшаҳанд (маъшуқ):

              Қадам манеҳ ба харабот ҷуз ба шарти адаб,

              Ки сокинони дараш маҳрамони подшаҳанд.  

 Ҷуръа бар хок рехтан. Ҷуръа  бар хок афшондан ва ё худ шароб бар хок    рехтан низ яке аз ойинҳои боданўшӣ буда,  расми қадим аз милали бостон аст. Дар ин масъала сухан бисёр рафтааст. Донишмандоне ба монанди Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Ҳусайнналии Ҳиравӣ, Муҳаммад Муъин, Ғуломҳусайни Сиддиқӣ, Ҳусайн Хадевҷам ва чанд нафари дигар дар ин масъала  изҳори назар кардаанд, ки нигоранда дар ин бора ба тафсил маълумот додаст.  Бино ба таҳқиқи Ғуломҳусайни  Сиддиқӣ ва  Муҳаммад Муъин ойини ҷуръаашонӣ бар хок дар милали бостон (юнониён, ошириён, яҳудиён ва дигарон)  собиқаи куҳан доштааст. Дар Юнони бостон, ки ба расми Бокус (рабуъулнавъи шароб) маъруф  аст, саҳм  ва насибаи ўро медиҳанд. Дар шеъри Ҳофиз бештар дар мавриди ёдоварӣ ва  бузургдошти гузаштагон аз ин  мафҳум истифода мешавад. Масалан, дар байти зерин барои  бузургдошти ҳазрати Одам (а), ки ишқро ба мо- фарзандон мерос гузашта ва бо ин амал фазилати инсонро бар фариштагон тарҷеҳ додаст, ба хоки ў шароб мерезанд:

               Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ,

               Биноҳ ҷоми гулобе ба хоки одам рез.

 Дар мавриди шаҳри ин байт, шореҳони девони Ҳофиз ихтилофи  назар доранд.   Тибқи гуфтаи муаллифи «Шаҳр Ҷунон»  дар ин байт  хитоб ба ҳазрати Муҳаммад (с) аст, яъне  аз он шароби дидор, ки дар меъроҷ  хўрдӣ, андаке ба мо хокиён низ фурў рез (76, 803). Хатмии  Лоҳурӣ  хитоб ба  муршид медонад, ки аз мушоҳидаи таҷаллии зотӣ мушарраф  шудааст ва шоири ориф аз ў тақозо дорад, ки ҷуръаи сирре аз асрори мақомоти зотӣ, ки дар сулук ба эшон пўшида мондааст, макшуф гардонад, то онҳо низ аз он баҳравар гарданд. Бадриддин Соҳили Акбарободӣ муаллифи «Бадрушшурўҳ»  мегўяд; «Агар шароби маънавӣ хўрӣ ва  масти асрори мушоҳида гардӣ, бояд, ки толибони роҳро  ҳам назаре кунӣ ва бар эшон ҷуръаи он шароб афшонӣ…»    

 Дар кеши риндони ҷавонмард расме, буда, ки ҳини шаробнўши ба поси  хотири дўстони ғоиб ва ё худ фавтида ҷуръае ба хок мерехтанд:

                     Агар шароб хўрӣ ҷуръае фишор бар хок,

                     Аз он гуноҳ, ки нафъе  расад  ба ғайр, чӣ бок.  

 Ҷуръа бар афлок афшондан  ҳамоно як бахши ойини «ҷуръа ба хок рехтан»  аст, ки маънои киноявӣ дорад, яъне афлокиёнро аз худ паст шуморидан, албатта бо назардошти бебаҳра будани фалакиён аз ишқ. Чунончи, дар ин байт мегўяд:

                Соғаре нўш куну ҷуръа ба афлок афшон,

                Чанду чанд аз ғами айём ҷигархун бошӣ.  

 Дар соҳати берунмаънӣ мақсуд  аз ғам канора  гирифтан ва ба шодӣ кўшидан аст, зеро ба қавли бузургворе  «ғам хўрдани беҳуда уқубати дил аст». Дар соҳати дарунмаънӣ мурод ночиз шуморидани фалакиён, хоса фариштагон ва инсонро аз эшон боло гузоштан аст. Ба қавли Ибни Арабӣ «Дар оғози китоб Ҳақ омада: сипос Худойрост, ки  Инсони  комилро омўзгори фариштагон сохт ва сипеҳрро барои  бузургдошти ў ва таъзими анфоси ў бигардонид».

       Дар байти дигар ин маънӣ возеҳтар баён шудааст:

                        Ҷуръаи ҷом  бар ин тахти равон афшонам,

                        Ғулғули чанг  дар ин гунбади мино фиканам.  

 Дар мавриди  «тахти равон»  ҳофизшиносон ихтилофи назар доранд. Хуррамшоҳ  ва  Ҳиравӣ тахти равонро киноя аз  замин медонанд, аммо Хатии  Лоҳурӣ   ва Халил  Хатирраҳбар киноя аз осмон. Ба пиндори ин ҷониб, мурод аз «ҷуръаи ҷом бар таҳти равон афшондан» ҳамон ҷуръа бар афлок афшондан аст. Дар соҳати дарунӣ ҷуръаи ҷом киноя  аз шароб буда ва шароб  истиора аз ишқ аст. Мурод аз «ҷуръаи ҷом бар тахти равон афшондан»  таҳқири фалакиён аст, ки бо ин ҳама азамату бузургӣ аз ишқ бебаҳраанд.

       Бонги  нўш,  яъне садои  нўш  бод, овои баланди нўшонўши майхорон. Дар гузашта расме буда (ва ҳанўз ҳам ин расм побарҷост),  ки вақте ба шодии рўйи касе ва ё ба  саломатии  сари ў шароб  менўшиданд, ў дар баробари ин эҳтиром мегўянд:  нўш, яъне нўшин ва гуворо бод.  Ҳофиз дар ду байт аз ин расм ёд кардааст:

               Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,

              Бонги нўши шодхорон ёд бод.

  Ҷойи дигар гўяд:

              Шароби хонагии тарси мўҳтасиб хўрда,

                Ба руйи ёр бинўшему бонги нўшонўш. 

       Илова  бар ин, дар шеъри Ҳоҷа баъзе  шарту  шароите  барои  боданўшӣ муқарар шудааст, ки бархе аз онҳо агар маншаъ аз милали бостон дошта бошад, гурўҳе аз он  офаридаи табъи худи  ўст. Чунончӣ:

       Ба андоза шароб нўшидан,  яъне ба миқдори муайян ва мувофиқи тавони худ бода нўшидан:

               Сўфи ар бода ба андоза хўрад нўшаш  бод,

               В-арна андешаи ин кор фаромўшаш бод.

 Дар «Наврўзнома»-и мансуб ба Хайём  дар мавриди  ба андоза бада нўшидан чунин омадааст:  «Хирадманд бояд, ки (шароб)  чунон хўрад, ки маззаи ў бештар аз базза бувад»  (68, 72).

       Ба андоза бода хўрдан низ  яке аз ойинаҳои боданўшӣ  аст  ва шоири ориф онро тамсил ба кори ишқ кардааст. Яъне дар  соҳати дарунӣ мурод аз ин мафҳум дар кори ишқ андоза нигаҳ  доштан  зиёдталабӣ   накардан аст. Агар солики роҳи  тариқат дар ин амал андоза нигаҳ надорад, ба гирдоби шатҳиёт меафтад ва ҳалоқи ду ҷаҳон мегардад.

       Бода  бо ёр нўшидан. Гарчанде, бода дар мазҳаби Ҳофиз  ҳалол  аст, аммо бе ҳузури ёр нўшиданро салоҳ намебинад:

                   Дар мазхаби мо бода ҳалол аст, валекин

                   Ба рўйи ту эй сарви гуландом ҳаром аст.

   Шоир боданўшии рўзонаро намеписандад, зеро рўзона бода нўшидан  оинаи дилро зангор, яъне андўҳгин месозад:

                 Рўз дар касби ҳунар кўш, ки май хўрдани рўз

                Дили чун оина дар занги залом андозад. 

    Боданўшӣ  вақту айёми худро дорад, барои Ҳофиз беҳтарин айёми боданўшӣ фасли баҳор аст:

                   Хуш омад гул аз он хуштар набошад,

                   Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад.

  Ҳамин тариқ дигар расму русуми боданўшӣ, ки дар ашъори шоир аз онҳо ёд  шудааст:

       Ҳадду ҳудуди   майнўшӣ:

                        Нагўямат, ки  ҳамасола майпарастӣ кун,

                        Се моҳ май хўру нўҳ моҳ порсо мебош.

 

       Бо  кӣ шароб нўшидан:

                        Хуш ҳавоест фараҳбашх, Худоё, бифирист

                        Нозанине, ки рўяш майи гулгун нўшем

        Даврони майнўшӣ:

                         Чун пир шудӣ Ҳофиз аз майкада берун ой,

                          Риндиву ҳаваснокӣи дар аҳди шубоб авло.  

(Идома дорад)

Бознашр аз китоби Шарифмурод Исрофилниё “Хамриёти Ҳофиз”, Душанбе, 2010

 Рӯйнависи Замира Давлатова