Чингиз Айтматов-нобиғаи қарни ХХ

Имрӯз агар Чингиз Айматов зинда мебуд, ба синни 87 мерасид.
Чингиз Айтматов, нависандаи шуҳратёри қирғиз 12-уми декабри соли 1928 дар рустои Шерек, ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Падараш яке аз фаъолони ҳизби коммунист буда, замоне Котиби дуюми Ҳизби коммунисти Қирғизистон, комиссари халқӣ оид ба замин буд. Аммо соли 1937, дар авҷи боздоштҳои НКВД боздошт ва соли 1938 парронда шуд. Модараш Нагима Абдувалиева, духтари тоҷири тотор буд ва соли 1937 “зани душмани халқ” эълон гардид.
Чингизи ҷавон то синфи 8 мактаб хонд, муддате кор кард ва соли 1948 техникуми зоологии Ҷамбул, соли 1953 бошад Донишкадаи кишварзии шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек)-ро хатм кард.
Солҳои 1953-1956 сарзоотехники пажуҳишгоҳи чорвопарварии Қирғизистон буд. Аммо ба нависандагӣ рағбати беандоза дошт. Аввалин ҳикояи ӯ бо забони русӣ соли 1952 бо номи “Газетчик Дзюйдо” чоп шуд. Ҳамин майлу рағбат буд, ки водор кард ба омӯзиши адабиёт камар бандад, нависад, чоп кунад.
Соли 1958 давраи омӯзишии мактаби олии адабиро дар шаҳри Маскав хатм намуд.   Соли 1958 ҳикояи ӯ бо номи “Рӯ ба рӯ” дар маҷаллаи “Октябр” ва силсилаи ҳикояҳои дигараш дар “Новый мир” чоп шуданд.  
Муддати шаш сол сардабири маҷаллаи адабии  "Литературный Кыргызстан" ва ҳамзамон хабарнигори “Правда” дар Қирғизистон буд.  
Повести “Ҷамила” ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард ва он бори аввал бо забони фаронсавӣ дар Фаронса дар тарҷумаи адиби маъруф Луи Арагон чоп шуд.
 Баъди он повестҳои “Чашми уштур”, “Муаллими аввалин” паси ҳам интишор ёфтанд. Китоби ӯ “Повести куҳ ва дашт” сазовори  ҷоизаи Ленинӣ шуд. Ва ҳамаи асарҳои баъдии ӯ ҳам бо забони қирғизӣ ва ҳам русӣ баробар чоп мешуданд. Аз русӣ қариб бо ҳамаи забонҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва интишор меёфтанд.
Соли 1968 Чингиз Айтматов барои повести “Алвидоъ, Гулсарӣ” сазовори ҷоизаи давлатӣ шуд.
Повесту романҳои Чингиз Айтматов аз ибтидо мунъакискунандаи рӯзгори мардуми оддии деҳот, тавсири руҳиву равонии қаҳрамонон, руҷуъ ба асотири мардуми қирғиз ва фалсафи омехтаи ғарбу шарқ буданд. Бахусус, дар асарҳое чун “Киштии сафед”, “Рӯзе¸ки аз қарн ҳам дарозтар аст” (“Дуроҳаи бӯронӣ”), “Таҳкунда” нависада бештар барои кушодани образҳои психологӣ муваффақ гардид.  
Солҳои 1988–1990 Айтматов сармуҳаррири маҷаллаи “Иностранная литература” буд. Аз соли 1990 то 1991 сафири СССР дар Белгия, Нидерландия ва Люксембург, солҳои 1991-1994 сафири Русия дар ин кишварҳо буд.
Аз соли 1994 то 1998 сафири Қирғизистон дар Фаронса, Белгия, Люксембург ва Нидерландия буд.  
Баъди суқути Шӯравӣ низ ҳарчанд саргарми корҳои дипломатӣ буд, вале ба фаъолияти нависандагӣ идома дод. Романҳои “Тавро Касандра”, “Порабри сафеди Чингизхон”, “Афсонаҳо”, “Бачагӣ дар Қирғизистон”, “Вақти куҳҳо меуфтанд” маҳсули эҷоди ҳамин давраи адиб аст.  
Аз рӯйи асарҳои Чингиз Айтматов бештар аз 20 филм ба навор гирифта шудааст.
10-июни соли 2008 Чингиз Айматов дар бемористони шаҳри Нюрнберги Олмон аз олам даргузашт. Ӯро дар қабристони аҷдодии “Она-Байт”, ки дар борааш дар асарҳояш зиёд ёд кардааст, ба хок супурдаанд.
Чингиз Айтматов ду маротиба издивоҷ кардааст. Соҳиби чор фарзанд бо номҳои Санҷар, Аскар, Элдар ва Ширин аст.
Писараш Солҳои 2002-2005 вазири корҳои хориҷии Қирғизистон буд. Духтараш Ширин вакили парламон, Элдар президенти хазинаи байналмилалии Чингиз Айтматов аст.
Қариб ҳамаи повесту романҳои Чингиз Айтматов бо забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Имрӯз шумо, хонандаҳои азиз метавонед аз китобхонаи миллӣ ин асарҳоро бо забони тоҷикӣ пайдо ва мутолиа намоед:
“Дуроҳаи Буронӣ”
  “Модаргавазн”
  “Алвидоъ Гулсарӣ”
 “Киштии сафед”
  “Повестҳо”
  “Пораабри сафеди Чингизхон”
  “Роҳи Каҳкашон”

Барчаспҳо: